Пайвандҳои дастрасӣ

Чӣ гуна "Бадахшон" як сокини Хоруғро "гунг" кард?


Раҳмат Некқадамов, як сокини шаҳри Хоруғ.

Раҳмат Некқадамов, як сокини шаҳри Хоруғ.

Раҳмат Некқадамов, сокини шаҳри Хоруғ, мегӯяд, ба манзури ҷуброни зиёни маънавӣ рӯзномаи вилоятии "Бадахшон"-ро ба додгоҳ хоҳад кашид.

Раҳмат Некқадамов мегӯяд, бо "шарофат"-и ин нашрия дӯстону наздиконаш ба вай лақаби "лолу гунг"-ро часпонидаанд. Вай дар сӯгвории завҷааш Моҳитобон, ки бештар аз 37 сол дар рӯзномаи вилоятӣ кор кардааст, дарди дилашро рӯйи коғаз оварда ва онро ба рӯзномаи "Бадахшон" бурдааст. Аммо пас аз қариб чор моҳ бо имзояш шеъре дар рӯзнома чоп гардида, ки муаллиф онро "нашинохтааст".

Ҷаноби Некқадамов: "Ба шахсони доно ва шоирон нишон додам, ислоҳ кардам, лекин дар рӯзномаи "Бадахшон" омадааст, "Раҳмат аз дарду алам дар ёди ҳамсар лолу гунг". Яъне, маро "лолу гунг" навиштанд. Ман хеле норозиам. Наход, таҳрир ин қатор кардани калимаҳои бемаъно бошад?"

Ба гуфтаи ин сокини Хоруғ, бо шарофати таҳрир аз эҳсосот ва шеъраш осоре боқӣ намондааст, аммо акнун он василае барои мазоҳ кардани ӯ аз ҷониби ёру дӯстон ва ҳамсояҳо шудааст: "Шиносҳо телефон мекунанд, ки Раҳмат аз кай боз лолу гунг шудаӣ, наход барои таскини дил сухани дигар наёфтӣ. Ман завҷаамро хеле дӯст медоштам ва дар сӯгвории завҷаам дарду ранҷ мекашам, вале шукри Худо, ки "лолу гунг" нестам. Дар шеъре, ки ман навиштам ишорае ба лолу гунг будани ман нест."

Аммо ба гуфтаи мудири шӯъбаи маънавиёти рӯзномаи "Бадахшон" Лутфишои Додо, бинобар танг омани қофия онҳо ба ҷойи "хастаҷон" ибораи "лолу гунг"-ро истифода кардаанд, ки ҳадафи он танҳо нишон додани дараҷаи мусибати бештари муаллиф будааст ва аз таҳрир ҳеҷ гуна халале ба мазмуни шеър нарасидаст. Ӯ гуфт, "лолу гунг ин тасвири ҳолати рӯҳии муаллиф аст, ба маънои маҷозӣ, лекин касе муаллифро барқасдона ба муқобили мо шӯрондааст."

Лутфишои Додо изҳор дошт, ба рӯзнома танҳо бахшида ба ёдбуди шоир Ширин Бунёд қариб 20 марсия ворид шуда, аммо онҳо аз интишори ин марсияҳо даст кашидаанд, чун имкони онро надоштанд. Вале ба хотири гиромидошти корманди собиқашон, шеъреро, ки шавҳараш навиштааст, чоп карда, ба ҷойи некӣ дидан ба ғазаби муаллиф гирифтор шудаанд.

Вале ба гуфтаи Раҳмат Некқадамов, ҳарчанд вай мутахассиси риштаи иқтисод мебошад, дар пайроҳаи эҷод низ шахси тасодуфӣ нест. Ӯ гуфт, дар рӯзномаи вилоятӣ зиёда аз 150 мақола дарҷ карда, аммо чунин таҳрирро, ки ба таҳқири муаллиф овардааст, барои нахустин бор дучор омадааст.

Раҳмат мегӯяд, ҳарчанд дар шеърҳои дар сӯги ҳамсараш навиштаи ӯ аз лолу гунг буданаш нишонае нест, вале аз чоп кардани онҳо дар рӯзномаҳо ҳарос дорад, зеро ба қавли ӯ рӯзномаҳо метавонанд ба осонӣ ба вай лақаби кар, гунг, лол ва ё дигар иллатҳои набудаи ҷисмониро часпонанд.

"Моҳитобон нест бе ту зиндагӣ дар ин ҷаҳон,
Ҳам шабу ҳам рӯз нолам дар ғамат, эй нури ҷон.
Мурдам андар роҳи ишқат, гар намедонӣ бидон,
Сӯхтам дар ишқи ту бечора мондам дар ҷаҳон.
Дӯстон пурсанд аз ман ёри ширинат куҷост,
Ҷони ширинам бирафту барнагашт аз он ҷаҳон..."


Шоир Парвонаи Фаррухзод мегӯяд, ба маънои маҷозӣ истифода шудани ибораи "лолу гунг", ки бо дасти таҳрир ба шеър роҳ ёфтааст, фоҷиа нест, вале мушкилот ин аст, ки ин тағйиру ислоҳ бояд қаблан бо муаллиф ҳамоҳанг мешуд.

Ба гуфтаи журналисти собиқадори рӯзномаи вилоятии "Бадашон" Шобаҳори Шоҳхумор рӯзнома дар гузашта ҳам шоҳиди ҳодисаҳои нороҳатии муаллифон аз таҳрир шуда, барҷастатарини онҳо қиссаи як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ будааст, ки дар хоб бар фашистон ғалаб кардааст.
Журналисте дар бораи як ҷанговар матлабе навишта буд, ки дар он ҷанговар соли 1943-юм ба фронт фиристода шуда, дар пешорӯи муҳорибаи нахустин бо душман бо ҳамяроқонаш дар хандақ камин мегирад. Аз рӯи корбурди тахайюли журналист, маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассоси интизорӣ қаҳрамон ба умқи хаёлот фурӯ меравад ва саргузашти бачагиву наврасӣ ва ҷавониву лаҳзаҳои муҳими муҳорибаҳои оянда чун навори кино аз пеши назараш мегузаранд ва хонандагонро ҷалб месозад. Вале бо омадани матлаби оҷили расмӣ зарурати ихтисор кардани матлаб ба вуҷуд омада, муҳаррир "навори кино"-ро қайчӣ мекунад. Натиҷа он мешавад, ки ҷановар дар муҳорибаи нахустин бо душман ба хандақ медарояду ба хаёл меравад ва вақте ба худ меояд, ки Артиши Сурх алакай Берлинро фатҳ кардааст ва мардум дар ҳама ҷо, аз ҷумла дар зодгоҳи қаҳрамони матлаб аз пирӯзӣ шодӣ мекарданд...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG