Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

ФФТ: "Шӯҳрат Қудратов имтиҳонҳоро насупоридааст"


Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъ ва узви фаъоли Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон.

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъ ва узви фаъоли Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон.

Сардори Департаменти доварону нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Шӯҳрат Қудратов дар пайи иштирок накарданаш дар ҷаласаҳо ихроҷ шудааст.

Абдураҳим Бобоев рӯзи 19-уми апрел гуфт, “мо Шӯҳрат Қудратовро ба семинар даъват кардем, вале ӯ ким-чӣ хел коғазҳоро овард ва гуфт, ба Маскав меравам. Дар семинар иштирок накард. Ягон имтиҳони теория (назария)-ро насупурдааст. Мо гуфтем, биё, имтиҳони физикӣ ё ҷисмониро супур, баъд теория месупорӣ, вале ӯ имтиҳони физикиро ҳам насупурд ва тӯҳмат мекунад, ки ман имтиҳон супурдам.”

Ҷаноби Бобоев дар идома афзуд, Шӯҳрат Қудратов ба унвони довар дар бозиҳои Лигаи олӣ ҳакамӣ накардааст: “Ҳамагӣ як-ду бор довари майдон дар Лигаи якум буд. Вақте ӯ пеши ман омад ва гуфт, бояд довари майдон шавам, ба ӯ гуфтам, ки нақша дорам, ба ту ёрӣ кунам, то оянда дар майдон доварӣ кунӣ. Ӯ гуфт, не, ту маро намедонӣ, ман бояд дар майдон доварӣ кунам. Ман бо ту дигар хел гап мезанам. Угрожать (таҳдид) кард."

Раҳбари департаменти доварону нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, то ҳоло аз узвияти Қудратов дар Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократ огоҳ набуд. Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, дидгоҳҳои сиёсии ӯ ба кори доварияш халал намерасонад. “Ман "партийний" будани ӯро ягон бор нафаҳмидаам ва касе ҳам ба ман нагуфтааст. Вай довари кӯмакрасони дараҷаи байналмилалӣ нест. Довари дараҷаи якум аст. Ман аз болои ӯ дар бораи он ки ба кадом партия дохил аст, ба ягон роҳбар нагуфтаам. Дар мо фарқ надорад, довари футбол партиявӣ ҳаст ё не, чӯ гуна ақидаи сиёсӣ дорад. Баъди он ки ӯ маро таҳқир кард, ман гуфтам, ки бо ин характер дар майдон доварӣ карда наметавонӣ. Агар довари зӯр мешудӣ, мо туро ҳатман дар майдон мемондем. Мо ба ин эҳтиёҷ ҳам дорем. Ҳоло ҳамагӣ якчанд довари майдон дорем, ки муқаррароти моро иҷро кардаанд. Онҳое, ки аз имтиҳон нагузаштанд, ба доварӣ дар майдон роҳ дода намешаванд. Онҳо маҷбуранд, ки аз нав имтиҳон супоранд”,-илова кард Абдураҳим Бобоев.

Аз ин пеш, Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъ ва аз фаъолони Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократ (ҲУСДТ), аз аҳзоби мухолифи давлати Тоҷикистон, гуфт, ки бидуни кадом огоҳӣ аз ҳайати доварон ва нозирони Федеросиюни футболи Тоҷикистон (ФФТ) хориҷ карда шудааст.

Ҷаноби Қудратов рӯзи панҷшанбеи 19-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷаласаи навбатии Департаменти доварон ва нозироти ФФТ, ки бидуни даъват ва иштироки ӯ дар таърихи 16-уми апрел баргузор шудааст, ӯро аз ҳайати доварон берун андохтаанд. Вай афзуд, дар тамос бо ӯ сарвари департаменти ФФТ
гуфтааст, намехоҳад ҳамчун ӯро дар тими худ дошта бошад.

Ба гуфтаи Шӯҳрат Қудратов, дар гузашта ба ӯ ишораҳо карда будаанд, ки узвияташ дар ҲУСДТ ва сӯҳбатҳои интиқодии ӯ аз сиёсатҳои раисҷумҳури Тоҷикистон ба роҳбарияти ФФТ хуш наомадааст ва ба ин далел ӯ рӯзе ронда хоҳад шуд. Шӯҳрат Қудратов аз соли 2001-ум узви Департаменти доварон ва нозирон ва аз соли 2004-ум узви ҲУСДТ буда ва довари кӯмакрасони дараҷаи байнулмилалист.

Ҷаноби Қудратов дар чанд соли ахир парвандаҳои муҳиму баҳсбарангезро дар додгоҳ намояндагӣ мекунад, ки баҳси Анвар Тағоймуродов бо нашрияи "Азия-Плюс" ва қазияи раиси ширкати сохтмони "Мовароуннаҳр", Ҷӯрабек Охунов, аз ҷумлаи онҳост.

Бо ин ҳол, ихроҷи ӯ аз ҳайати доварони ФФТ дар ҳоле сурат гирифта, ки ахиран Рустами Эмомалӣ, раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон, бо довароне, ки дар бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олии кишвар хидмат мекунанд, мулоқот анҷом дод. Вай дар ин сӯҳбати худ аз доварон хост, ки бозиҳои футболро дилпурона ва озод ҳакамӣ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG