Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси додгоҳии "Муҳаммадия" бе иштироки Тӯраҷонзодаҳо


Масҷиди "Муҳаммадия" дар ноҳияи Ваҳдат.

Масҷиди "Муҳаммадия" дар ноҳияи Ваҳдат.

Вакили мудофеи масҷиди "Муҳаммадия" гуфт, баҳси додгоҳи ин масҷид бидуни иштироки муассисонаш -- Тӯраҷонзодаҳо доир мешавад.

Муҳокимаи қазияи масҷиди "Муҳаммадия" дар додгоҳи шаҳри Ваҳдат бидуни иштироки бародарон Тӯраҷонзодаҳо -- муассисони ин ташкилоти динӣ сурат мегирад.

Чунин тасмим аз тарафи додгоҳи ноҳияи Ваҳдат ва бо пешниҳоди намояндаи ваколатдори Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон, ки аз болои ин масҷид даъво кардааст, гирифта шудааст.

Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон масъулони масҷиди "Муҳаммадия"-ро дар нақзи муқаррароти қонуни ин кишвар муқассир ҳисобида ва аз додгоҳ хостаанд, ки фаъолияти онро ба ҳайси масҷиди ҷомеъ қатъ намояд. Додгоҳи ноҳияи Ваҳдат қабл аз ҷаласаи муқаддамотӣ (пешакӣ) ҳамаи асноди айбдоркуниро ҷиҳати шиносшавӣ ба ихтиёри тарафҳои баҳс, аз ҷумла Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, имомхатиби ин масҷид вогузор мекунад.

Аммо дар нахустин ҷаласаи додгоҳ, ки Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои масҷиди "Муҳаммадия", бар нодурустии иддаои даъвогар таъкид мекунад, ба дунбол намояндаи ваколатдори Кумитаи дин аз додгоҳ тақозо менамояд, ба унвони ҷавобгар на Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, балки Вайсиддин Қурбонов, имоми муваққатии ин масҷид ширкат варзад.

Додгоҳ ин талаби намояндаи Кумитаи динро пазируфта ва идомаи муҳокимаро ба рӯзҳои баъд мавқуф гузоштааст.

Дар авохири соли гузашта Кумитаи дини Тоҷикистон баргузории намози ҷумъа дар масҷиди "Муҳаммадия"-ро барои се моҳ манъ карда буд. Мақомот гуфта буданд, ки танҳо дар сурати рафъи камбудиҳо, барои фаъолияти ин масҷид иҷозат дода мешавад.

Дар ин миён Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ваҳдат бо қабули як муроҷиатнома ба ҳукумати Тоҷикистон гуфта буд, ба эҳёи намози ҷумъа дар масҷиди "Муҳаммадия" зарурате боқӣ намондааст. Аъзои ин маҷлис гуфтаанд, дар ин ноҳия чанд масҷиди дигари ҷомеъ фаъол шудааст ва намозгузорон метавонанд дар он масоҷид ба ибодат машғул шаванд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG