Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО гуфт, баъд аз соли 2014 Кобулро танҳо намегузорад


Андерс фоғ Расмуссен, дабири кулли НАТО.

Андерс фоғ Расмуссен, дабири кулли НАТО.

Дабири кулли НАТО гуфт, дар мавриди ироаи маблағ барои ниёзмандиҳои нерӯҳои афғон баъд аз хуруҷи низомиёни байнулмилалӣ аз Афғонистон тасмим гирифтаанд.

Андерс фоғ Расмуссен, дабири кулли НАТО, ки дар поёни рӯзи аввали нишасти вазирони умури хориҷӣ ва дифои кишварҳои узви Паймон дар Брюссел бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, аз иттилои бештар дар мавриди маблағҳои ваъдагӣ худдорӣ намуд. 130 ҳазор низомиёни нерӯҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО бояд то охири соли 2014 Афғонистонро тарк намоянд.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, дар Брюссел бори дигар таъйид кард, ки интиқоли қудрат аз нерӯҳои байнулмилалӣ ба ниҳодҳои амниятии Афғонистон тибқи нақша охири соли 2014 поён меёбад. Ӯ афзуд, кишварҳои узви НАТО омодаанд, дастовардҳои даҳ соли гузашта дар Афғонистонро ҳифз кунанд. Ба гуфтаи хонум Клинтон, “имрӯз НАТО бори дигар ӯҳдадории мо дар бораи дар паҳлӯи афғонҳо будан, дифоъ аз эътидолу амният, ҳифзи дастовардҳои даҳсолаи гузашта ва ҷилавгирӣ аз ҳама гуна бозгашти Ал-Қоида ё ифротгароҳои дигар ба қаламрави Афғонистонро таъйид кард.”

Мавзӯи ниёзмандиҳои нерӯҳои амниятии Афғонистон баъд аз соли 2014, ки бар пояи арзёбии ИМА соле ба 4,1 миллиард доллар баробар аст, аз мавзӯъҳои аслии нишасти НАТО дар Брюссел буд. Аммо Андерс фоғ Расмуссен гуфт, дар нишасти феълӣ дар мавриди андозаи ин сармоягузорӣ тасмим гирифта намешавад ва баррасии ин мавзӯъ дар нишасти сарони кишварҳои узви НАТО, ки қарор аст рӯзҳои 20 ва 21-уми май дар Чикаго баргузор шавад, идома хоҳад кард.

Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон

Рӯзи сешанбе (17-уми апрел) раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай
гуфт, баъд аз хуруҷи нерӯҳои эътилоф дар поёни соли 2014 Кобул аз Вошингтон ҳамасола камаш ба 2 миллиард доллар кумак ниёз хоҳад дошт. Ӯ афзуд, Амрико бояд мушаххас кунад, ки бар асоси паймони стратегие, ки музокироташ байни Вошингтону Кобул идома дорад, ба Афғонистон чӣ қадар маблағ хоҳад дод.

Филипп Ҳамонд, вазири дифои Бритониё, дар бораи саҳми кишвараш гуфт, Лондон омода аст баъд аз соли 2014 барои ниёзмандиҳои нерӯҳои амниятии Афғонистон ҳамасола 70 миллион фунт-стерлинг, муодили тақрибан 110 миллион доллар ҷудо кунад.

Рӯзи 18-уми апрел Муҳаммад Зоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон гуфт, теъдоди низомиёни артиши кишвар то ҳадди муқарраршуда, яъне то ба 195 ҳазор нафар расидааст. Қарор аст, имрӯз, 19-уми апрел, дар чаҳорчӯби нишасти НАТО дар Брюссел нишасти Шӯрои Русия-НАТО баргузор шавад, ки дар он вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ширкат хоҳад кард. Муборизаи муштарак бо терроризм ва роҳзании дарёӣ, авзоъ дар Афғонистон ва мавзӯи мустақарсозии системи зидди ҳамлаи мушакӣ дар Аврупо – дар меҳвари музокирот хоҳанд буд.

Муовини вазири умури хориҷии Русия Александр Грушко гуфт, мавқеи Маскав дар робита ба мустақарсозии системи зидди ҳамлаи мушакӣ дар Аврупо тағйир наёфтааст ва аз ин рӯ дар ин мавзӯъ пешрафтеро набояд интизор шуд.
XS
SM
MD
LG