Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Луис Морено-Окампо ба Либия рафт


Сайфулислом Қаззофӣ
Сайфулислом Қаззофӣ
Луис Морено-Окампо, Додситони Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ,барои музокирот оид ба парвандаи Сайфулислом, писари раҳбари суқуткардаи Либия Муаммар Қаззофӣ, вориди Троблус шуд.

Сайфулислом, ки моҳи ноябри соли гузашта дар ҷануби Либия боздошт шуда буд, айни ҳол дар маҳбаси шаҳри Зинтон, воқеъ дар 180 километрии ҷанубу ғарби Троблус, нигаҳ дошта мешавад.

Ҳанӯз маълум нест, ки Морено-Окампо ба Зинтон сафар мекунад ё на. Аммо хабар дода мешавад, ки ӯ ба Мисурата хоҳад рафт – дар ин шаҳр парвандаи шиканҷа ва бадрафторӣ дар баробари боздоштшудаҳо аз сӯи ҷонибдорони Қаззофӣ бозрасӣ мешавад.

Сайфулислом Қаззофӣ аз сӯи Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дар ҷиноёт алайҳи башарият айбдор мешавад ва аммо мақомоти феълии Либия мехоҳанд, ки ӯ дар кишвар муҷозот шавад.
XS
SM
MD
LG