Пайвандҳои дастрасӣ

"Нависандагӣ" барои президент 2 млн. $ фоида овард


Виктор Янукович, раисиҷумҳури Украина.

Виктор Янукович, раисиҷумҳури Украина.

Раисиҷумҳури Украина, Виктор Янукович, аз фурӯши китобҳояш 2 миллион доллар фоида ба даст овардааст.

Виктор Янукович бо истифодаи таъбирҳои омехтаи норӯшан ва дониши начандон амиқи сарфу наҳви забон шинохта шудааст. Дар маъракаи пешазинтихоботии Украина, Янукович дар навиштани калимаи "профессор" хато карда буд. Ҳамчунон бисёриҳо дар ёд доранд, ки моҳи декабри соли 2010-ум ҳангоми ироаи паёми солинавӣ раисиҷумҳури Украина калимаи арча ба забони украиниро фаромӯш карда, ҷои “ялинка”, калимаи русии “ёлка”-ро истифода бурдааст.

Аз ин рӯ, хабари нависандаи аз ҳама сердаромад будани Янукович бисёриҳоро ба тааҷҷуб овардааст. Дар торнамо (вебгоҳ)-и интернетии президенти Украина эъломияи даромадҳои Янукович дар соли 2011-ум нашр шудааст, ки бар пояи ин санад ӯ соли гузашта аз ҳисоби фурӯши китобҳояш тахминан 16,5 миллион ҳривна ё худ ду миллион доллар ба даст овардааст.

Бо ин ҳаққи заҳмат Янукович дар як қатор бо раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, қарор мегирад. Албатта, раисиҷумҳури Амрико соли 2008-ум қабл аз интихобаш ба курсии президентӣ китоб нашр намуда, дувуним миллион доллар касб карда буд. Хуллас, дар як кишваре, ки маоши миёна ба муодили 300 доллар Амрико баробар аст, Янукович аз нависандаҳои сердаромад ба шумор меравад.

Барандаи ҷоизаҳои мухталиф, рӯзноманигори украинӣ Ирена Раздобудко бовар надорад, ки Янукович воқеан аз ҳисоби фурӯши китобҳояш чунин сармояро касб карда бошад: “Дар Украина ба даст овардани чунин гонорари калон ғайри имкон аст. Зеро ҳаққи заҳмати муаллиф зиёд қадр намешавад. Ин намунаи фасод аст. Мо нависандаҳое дорем, ки ба монанди Вилям Фолкнер шӯҳрати ҷаҳонӣ доранд, вале онҳо ҳам аз ҳисоби китобҳояшон чунин даромад ба даст намеоранд.”

Ба назар мерасад, Янукович бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз танқид эълон кардааст, даромад аз китобҳояшро дар корҳои хайр сарф мекунад. Рӯзи 15-уми апрел президенти Украина гуфт, ӯ пули аз фурӯши китобҳояш касб намударо барои кумак ба беморон ва ба вижа кӯдакони бемор масраф мекунад.

Китобҳои Янукович бо номи “Соли мухолифат” , “Соле дар курсии раёсатҷумҳурӣ” ва “Ояндаи Укриана бояд чӣ гуна бошад?” соли гузашта ба забони украинӣ нашр шуда буданд. Ӯ ҳамчунон китоберо зери унвони “имконоти Украина” ба забони англисӣ ба табъ расонд, ки имконоти сармоягузорӣ дар ин кишварро тавсиф мекунад.

Нависандаи украинӣ Андрей Кокотиха бо истеҳзо мегӯяд, ба фикри ӯ президенти кишварашон ҳеҷ гоҳ ангуште рӯи ҳуруф - тахтаи компютер нагузоштаву сатре ҳам чоп накардааст, вале агар таъбирҳои маъруфаш аз қабили "ёлка"-ву "ялинка" ва ғайраро нашр мекард, шояд хонандае пайдо мекард.

Нависандаи дигари украинӣ Васил Шкляр бар ин фикр аст, ки Янукович дар сурате метавонист ду миллион доллар аз ҳисоби фурӯши китобҳояш ба даст орад, агар ҳар як пиру ҷавони украинӣ ва аз ҷумла кӯрҳо ҳам ду нусха аз осори ӯро харидорӣ мекарданд.
XS
SM
MD
LG