Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони Маҷлис аз Аҳмадинажод норозиянд


Гурӯҳи вакилони Маҷлиси Эрон ба раиси парлумон Алии Лориҷонӣ номаеро супурданд, ки дар он раисиҷумҳури Маҳмуди Аҳмадинажод шадидан танқид шудааст. Зери нома 21 вакили Маҷлис имзо гузоштаанд. Вакилон аз он интиқод кардаанд, ки раисиҷумҳур аз аъмоли барои парлумон таҳқиромез кор мегирад, аз ҷумла, ба навиштаи онҳо, Аҳмадинажод бидуни ҳамоҳангӣ бо Маҷлис ба Қонуни асосии Эрон тағйирот ворид кардааст.

Бори аввал дар ҳафт соли раёсатҷумҳурии Аҳмадинажод вакилон аз болои ӯ ба раиси парлумон шикоят бурдаанд.

Номаи вакилон метавонад мунҷар ба шурӯи раванди импичменти Маҳмуди Аҳмадинажод шавад.
XS
SM
MD
LG