Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҷозот барои айшу ишрат бо танфурӯшҳо


Барак Обама таҳқиқи ҳодисаро талаб кард

Барак Обама таҳқиқи ҳодисаро талаб кард

Се корманди хадамоти амниятии раисиҷумҳури ИМА Барак Обама дар робита бо моҷарои айшу ишрат бо танфурӯшҳо дар шаҳри Картахенаи Колумбия мақомҳои худро тарк мекунанд. Раиси ин хадамот Пол Морисси гуфт, ки ду нафар ба истеъфо мераванд, корманди сеюм дар бораи ихроҷ иттилоъ гирифтааст ва метавонад тайи як моҳи оянда аз болои ин қарор ба додгоҳ шикоят барад.

Дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари Барак Обама ба Колумбия барои ширкат дар нишасти сарони Созмони кишварҳои амрикоӣ дасти кам 11 корманди хадамоти кашф ва даҳ низомӣ дар меҳмонсарои шаҳри Картахена бо фоҳишаҳо айшу ишрат карданд. Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Дар ҳамин ҳол дар Колумбия фоҳишаҳоро ҷустуҷӯ мекунанд – мақомоти тафтишотӣ мехоҳанд бидонанд, ки кормандони хадамоти кашф ва низомиён дар бораи ҷузъиёти таъмини амнияти раисиҷумҳури Амрико ба онҳо чиҳо гуфтаанд.

Қарор аст, ки ин ҳодисаро Конгресси ИМА ҳам баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG