Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз НАТО мавзӯи барои Русия ҳассосро баррасӣ мекунад


Имрӯз дар дар чаҳорчӯби нишасти НАТО дар Брюссел нишасти Шӯрои Русия-НАТО баргузор шавад, ки дар он вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ширкат хоҳад кард.

Муборизаи муштарак бо терроризм ва роҳзании дарёӣ, авзоъ дар Афғонистон ва мавзӯъи мустақарсозии системи зидди ҳамлаи мушакӣ дар Аврупо – дар меҳвари музокирот хоҳанд буд. Муовини вазири умури хориҷии Русия Александр Грушко гуфт, ки мавқеи Маскав дар робита ба мустақарсозии системи зидди ҳамлаи мушакӣ дар Аврупо тағйир наёфтааст ва аз ин рӯ дар ин мавзӯъ пешрафтеро набояд интизор шуд.

Дирӯз мавзӯъи ниёзмандиҳои нерӯҳои амниятии Афғонистон баъд аз соли 2014, ки бар пояи арзёбии ИМА соле ба 4,1 миллиард доллар баробар аст, аз мавзӯҳои аслии нишасти НАТО дар Брюссел буд. Аммо Андерс фог Расмуссен, Дабири кулли НАТО гуфт, дар нишасти феълӣ дар мавриди андозаи ин сармоягузорӣ тасмим гирифта намешавад ва баррасии ин мавзӯъ дар нишасти сарони кишварҳои узви НАТО, ки қарор аст рӯзҳои 20 ва 21 май дар Чикаго баргузор шавад, идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG