Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар шаҳри Харков баррасии муқаддамотии парвандаи нави ҷиноӣ алайҳи нахуствазири пешини Украина Юлия Тимошенко шурӯъ мешавад.

Тимошенко, ки барои сӯистифода аз мақом зимни имзои созиши хариду фурӯши газ бо Русия барои 7 сол маҳкум ба зиндон шудааст, ин дафъа барои харҷи 400 миллион доллари буҷа замони раиси ширкати энерҷии Украина буданаш айбдор мешавад.

Нахуствазири собиқ ин иттиҳомро рад мекунад ва ба далели вазъи бади саломатияш аз ширкат дар баррасии муқаддамоти парванда сарпечӣ намуд.

Ҷонибдорони Юлия Тимошенко дар канори бинои додгоҳи ноҳияи Киеви шаҳри Харков гирдиҳамоӣ баргузор карданианд.
XS
SM
MD
LG