Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таассуфи Панетта аз нашри аксҳои сарбозон дар Афғонистон


Вазири дифои ИМА Леон Панетта нашри аксҳоеро, ки дар онҳо сарбозони амрикоӣ дар пеши ҷангиёни кушташудаи афғон худнамоӣ мекунанд, маҳкум намуд. Ӯ гуфт, ки "мо аз Los Angeles Times хоҳиш кардем, ки ин аксҳоро нашр накунад, зеро ин гуна аксҳоро душманон ҳамеша барои равған рехтан ба оташи хушунат истифода мекунанд ва дар гузашта нашри ин гуна аксҳо боиси ҳалокати одамон шуда буданд. Аз ин рӯ мо мутаассифем, ки онҳо нашр шуданд".

Панетта афзуд, ки набояд аз рӯи ин аксҳои нашрнамудаи Los Angeles Times дар бораи аъмоли низомиёни амркиоӣ дар Афғонистон натиҷа гирифт. Нашри ин гуна аксҳо робитаҳои Вошингтонро бо Кобул сард кардааст.

Изҳороти Панетта дар Брюссел пахш шуд – раҳбари Петагон дар ин ҷо дар нишасти вазирони умури хориҷӣ ва дифои кишварҳои узви паймони НАТО ширкат мекунанд.

Мавзӯъи асосии рӯзи аввали нишаст – таъмини амният дар Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз ин кишвар буд. Нишасти Брюссел имрӯз идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG