Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон 47 нафарро ба зиндон маҳкум кард


Додгоҳи Қазоқистон аъзои як гурӯҳи 47 нафарии муттаҳам ба терроризмро ба солҳои гуногуни зиндон маҳкум кард. Додгоҳи шаҳри Атирау, 42 нафари онҳоро ба таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ ва тарҳрезии таркиш дар Атирау ва шаҳрҳои дигар гунаҳкор дониста ва онҳоро а6 то ба 12 соли таҳаммул дар зиндон маҳкум намуд. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, 5 нафари боқимонда аз 5 то 15 сол ҳукми зиндон гирифтанд. Ҳамаи ин афрод баъди ду таркиш дар шаҳри Атирау дар моҳи октябри соли 2011 боздошт шуданд. Дар яке аз таркишҳо худи маргталаб кушта шуд. Як созмони бо номи Ҷунд Ал-Халифа масъулияти ин бомбгузориро бар ӯҳда гирифта буд.
XS
SM
MD
LG