Пайвандҳои дастрасӣ

Хушхабар барои блогнависони тоҷик! Дар Тоҷикистон аввалин пойгоҳи ё портали умумии блогҳо таъсис ёфт ва қарор аст, бо чунин пойгоҳҳои машҳур, монанди Wordpress ё Blogspot дасту панҷа нарм кунад.

Ин ташаббуси худҷӯши як гурӯҳ аз ҷавонони тоҷик буд, ки дар ҷустуҷӯи онҳо рафтем ва бо бунёдгузори Blogiston.tj, корманди Веб-Студияи “Рекорд” Рустам Гулов ҳамсӯҳбат шудем. Нахустин суоли мо ин буд, ки чаро ва чӣ гуна дар андешаи ташкили чунин пойгоҳ афтодед?

Рустам Гулов, бунёдгузори "Blogiston.tj"

Рустам Гулов, бунёдгузори "Blogiston.tj"

Рустам Гулов: “Ман худам се-чаҳор сол мешавад, дар чанде аз платформаҳои ҷаҳонӣ, монанди Blogspot, Wordpress ва LiveJornal блог доштам. Он ҷо дидам, ки блоггерҳои тоҷик ҳастанд, зиёданд, аммо дар ҳама гуна пойгоҳҳо тақсим шуда рафтаанд, аз ҳамин сабаб имкон надоранд, ки як ҷо бошанд ва хеле зуд, дафъатан навиштаи нави ҳамдигарро бинанду хонанд. Барои он ки блог дар кадом платформае бошад, онҳо ва ҳам хонандагон бояд аввал нишонаи дақиқи онро донанд ва дар браузер нависанд, то ин ки он блогҳоро боз кунанд ва хонанд. Ё ин ки мумкин аст, тасодуфан, ҳангоми ҷустуҷӯи ягон калидвожа ба ин блогҳо бархӯранд. Ин як парешонӣ ва раокандагист. Бинобар ин ба чунин фикр омадем, ки агар як барои блогнависони тоҷик як сомонаи алоҳида таъсис ёбад, онҳо ба осонӣ метавонанд, ҳамешагӣ бо ҳам пайванд бошанд ва аз сӯи дигар шояд дигарон бо истифода аз имкониятҳои чунин сомона тавонанд, блогҳои худро ташкил кунанд.”

Озодӣ: Сомонаи Blogiston.tj қариб як моҳ мешавад, ки ба шабакаи ҷаҳонӣ баромад. Вокунишҳо дар ин муддат чӣ гуна буданд?

Рустам Гулов: “Вокунишҳо хубанд. Дар ин муддати нисбатан кӯтоҳ аллакай зиёда аз 30 блоггери тоҷик дар пойгоҳи Blogiston.tj сафҳаи худро боз кард ва онҳое, ки дар садади ташкили блоги худанд, аз 50 нафар зиёдтаранд. Аҷоибаш ин буд, ки ҳамон рӯзҳои таъсиси ин сомона ман дар шабакаи Facebook дидам, ки айнан дар ҳамин мавзӯъ баҳсе давом дошт ва блогнависон мепурсиданд, оё ягон ҷомеаи блоггерҳои тоҷик вуҷуд дорад. Ман нишонии сомонаи худро ба онҳо додам ва даъват кардам, ин пойгоҳро бубинанду агар писандашон омад, дар он блог ташкил кунанд. Ин тасодуф буд, аммо тасодфуи хуб. 52 нафар аз тариқи Facebook сафҳаро писандиданд ва мо ҳоло ҳисобкунак гузоштаему мебинем, ки ҳар рӯз одамони зиёд ба сомона медароянд, мехонанд ва фирку андешаи худро менависанд.”

Озодӣ: Аммо номи торнамои худро аз куҷо гирифтед?

Рустам Гулов: Росташ, ин илҳом аз Радиои Озодӣ буд, ки аввалин бор калимаи “Блогистон”-ро дар ин ҷо дидем ва сипас дар ҷойҳои дигар низ ва гуфтем, аз ин беҳтар номе буда наметавонад, зеро ҳам блогро баён мекунад ва ҳам як обуранги миллии тоҷикӣ дорад. Ин қадар кишварҳо бо истифода аз “истон”-и тоҷикӣ номи худро сохтаанд, чаро мо аз ин намуна пайравӣ накунем, гуфтем.

Озодӣ: Хуб, аммо фоидаи Шумо аз ин кор чист? Ба хотири чӣ ин барномаро дар пеш гирифтед?

Рустам Гулов: “Ман худам блоггер, ки ҳастам, медонам, ки блог навиштан чист ва чӣ хел аст ва чӣ гуна одам ҳаловат мебарад аз навиштани блог. Ман худамро он лаҳза хушбахт ҳис мекунам, ки мебинам, одамон мехонанд блоги маро. Барои худам ҳам шавқовар аст, фаҳмам, ки дигар блоггерони тоҷик чӣ фикру ақидаҳо доранд, дар бораи чӣ менависанд. Ба ин сабаб, фоидаи ман ҳамин аст, ки одамон биёянд, нависанд, бо якдигар мулоқот кунанд, як муттаҳидшавӣ ба назар расад.”

Озодӣ: Аммо ин кори Шумо чӣ қадар заҳмату чӣ қадар харҷ дошт?

Рустам Гулов: “Заҳмати зиёд надошт. Медонед, вақте ки ягон кор ба одам хушӣ меорад, кас заҳматашро ҳис намекунад, балки баръакс аз он роҳат мекунад. Харҷро агар пурсед, хайр рости гап, харҷи зиёд ҳам нашудааст. Мо аз кисаи худамон харҷ кардем. Хароҷотибисёре ҳам талаб накард ин кор, асосан барои харидани ҳостингу домейни “tj” сарф шуд ва ба сабаби он ки мо худамон дар ин ҷо программисту одамони машғули фанновариҳои иттилоотием, ҳама одамони худӣ ҳамакаса шиштему кор кардем. Барои таҳияи консепсияи умумӣ ва сохтани сафҳаҳо дуним моҳ сарф шуд, аммо ин кори дӯстон ва ҳамфикрон буд ва аз ин ҷиҳат харҷи зиёде накардаем.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG