Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афғонистон мавзӯъи аслии баҳс дар НАТО


Вазирони дифоъ ва умури хориҷии кишварҳои узви НАТО дар нишасти дурӯзаи худ дар Брюссел ихроҷи барномарезишудаи нерӯҳои паймон аз Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Аксарияти нерӯҳои 150 ҳазор нафарии НАТО бояд батадриҷ масъулиятҳои амниятиро ба нерӯҳои афғон супурда ва то охири соли 2014 Афғонистонро тарк кунанд. Вазирони кишварҳои узви НАТО ин масъаларо баррасӣ мекунанд, чӣ қадар нерӯҳои паймон баъди соли 2014 дар Афғонистон мемонанд ва кӣ бояд дар барои дарозмуддат ба нерӯҳои амниятии афғон кӯмаки молӣ кунад. Интизор меравад, Амрико аз ҳампаймонҳояш дар НАТО бихоҳад, ки солона барои ҳимоят аз нерӯҳои афғон солона 4 миллиард доллар кӯмак расонанд. Бино ба гузоришҳо худи Амрико мехоҳад, 3 миллиард долларашро бар ӯҳда гирад ва 1 миллиардро кишварҳои дигар бипардозанд.
XS
SM
MD
LG