Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз намояндагони порлумони Тоҷикистон даъват шудааст, барои танфурӯшӣ дар Кодекси ҷиноии кишвар ҷавобгарӣ муқаррар кунанд.

Қонунгузории Тоҷикистон ҳарчанд даллагиро манъ мекунад, аммо барои заноне, ки машғул ба танфурӯшӣ мешаванд, дар баъзе маврид танҳо муҷозоти маъмурӣ, яъне пардохти ҷаримаро пешбинӣ мекунад.

Майрамбӣ Ғафурова, мудири шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки ҳукумати вилояти Хатлон, мегӯяд, солҳои охир мизони танфурӯшии занон рӯ ба афзоиш ниҳода, мавридҳое ҳам ба мушоҳида мерасанд, ки ҷавондухтарон ва гоҳе ноболиғон бар асари хизматрасонии шаҳвонӣ ё ҳамхобагии беэҳтиётона ҳомиладор мешаванд. "Аз ҳама мушкилоти доғи рӯз ҳомиладоршавии барвақти духтаракон аст, ки зиёд мушоҳида мешавад. Ба қарибӣ бо чунин ҷавонзан сӯҳбат кардам, ки фарзандашро ҳанӯз 18-сола нашуда таваллуд кардааст. Бешавҳар. Масъулияти модариро ҳам дуруст эҳсос карда натавониста, аз тифли худ даст кашидааст. Ояндаи чунин тифлон чӣ хоҳад шуд? Аз ин рӯ, мо аз порлумон хостем, ки роҳи ҷилавгирӣ аз фоҳишагариро омӯзад, онро қонунан манъ кунад. Айб аст...",- афзуд хонум Ғафурова.

Майрамбӣ Ғафурова

Майрамбӣ Ғафурова

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Саодат Амиршоева, вакили порлумони Тоҷикистон, дар таҷрибаи қонунгузории ягон кишвари демократии дунё барои танфурӯшӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ нашудааст. Аммо вай афзуд, Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муҷозотро барои "ба фоҳишагӣ ҷалб намудан" ва ё "ташкили фоҳишахонаҳо ва занҷаллобӣ" таъйин кардааст.

Ин вакили порлумон афзуд, "дини мубини Ислом фоҳишагиро иҷозат намедиҳад ва ин барои мо шармандагӣ аст. Аммо қонуне, ки нафареро барои танфурӯшӣ ба ҷавобгарӣ кашад, дар кишвари мо нест. Чунин қонун дар тамоми кишварҳои демократии ҷаҳон нест. Фоҳишагӣ дар ҷаҳон ҳамчун як намуди хизматрасонӣ қабул шудааст. Албатта, банда тарафдор нестам, ки зане дар кишвари мо ба хизматрасонии шаҳвонӣ машғул шавад. Ин пеш аз ҳама масъалаи ахлоқист, ки ба тарбия ва одоби ҳар нафар вобаста аст. Аммо ҳуқуқи ҳар шаҳрванд аст, ки шарики ҷинсии худро озодона интихоб кунад."

Саодат Амиршоева

Саодат Амиршоева

Бархе аз таҳлилгарон дар Хатлон мегӯянд, ба муҷозоти ҷиноӣ кашидани танфурӯшон наметавонад мӯҷиб (сабаб)-и коҳиши шумораи онҳо ва дар маҷмӯъ, поинравии мизони ҷиноёти ахлоқӣ гардад. Юсуф Маҳмадов, раиси созмони ҷамъиятии "Рушд", мегӯяд, давлатро мебояд аслан сабабҳои афзоиши мизони танфурӯширо муайян карда, барои ҷилавгирӣ аз он талош ба харҷ диҳад: "Агар болоравии сатҳи фақр дар ҷомеа сабаби афзоиши танфурӯшӣ шуда бошад, пас, барои коҳиши сатҳи нодорӣ бояд тадбир андешид. Агар ин масъалаи ахлоқист, дар мавзӯи ахлоқ бештар кор кардан даркор. Ба гумони ман, вақте сатҳи танфурӯшӣ миёни ҷавонон ва ҳатто ноболиғон авҷ мегирад, ин пеш аз ҳама сабабҳои иқтисодӣ дорад. Баъдан, сабабҳои ахлоқӣ ҳам дорад, ки нишондиҳандаи то ҷое поин рафтани ахлоқи ҷомеа мебошад. Муҳите, ки моро фаро гирифтааст, ба ҳамин зуҳурот мусоидат мекунад то андозае. Барои ҳамин фикр накунам, ки ҷазои ҷиноятӣ пеши роҳи ин мушкилотро гирифта тавонад."

Юсуф Маҳмадов

Юсуф Маҳмадов

Юсуф Маҳмадов афзуд, мақомоти дахлдор бояд пеш аз ҳама бо афроде, ки аз хизмати танфурӯшон истифода мекунанд, ё ба истилоҳ, бо "харидорони секс" мубориза баранд. Зеро дар аксари мавридҳо маҳз онҳо занонро ба танфурӯшӣ таҳрик медиҳанд. Он гуна ки, фаразан, қонунгузории Шветсия агар барои фоҳишагарӣ ҷазои ҷиноятиро пешбинӣ накардааст, аммо харидани сексро ҷиноят мешуморад.

Ба иддаои коршиносон, аз хизмати шаҳвонии занон дар Тоҷикистон асосан мардоне истифода мекунанд, ки пулдор ҳастанд ва имкони пардохти маблағро доранд, на мардони камбизоат. Дар ҳамин ҳол, як корманди мақомоти давлатӣ аз Қӯрғонтеппа, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, дар бештари маворид вазъи ногувори иҷтимоӣ ва солҳои тӯлонӣ дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ аз кишвар будани мардҳо низ сабаби ночор ба танфурӯшӣ даст задани занҳо шудааст.

"Занҳои бисёреро медонам, ки аз пуштибонии молии ҳамсарони муҳоҷири худ маҳрум монда ё шояд ба воситаи телефон аз онҳо талоқ гирифтаанд. Онҳо ба хотири таъмини фарзандони худ ноилоҷ ба иҷрои ҳар кор розӣ мешаванд, ҳатто ба хизматрасонии шаҳвонӣ. Масалан, дар дискоклубҳо ҳам шабона занҳои ҷавонеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки аз шавҳарони худ талоқ гирифтаанд ва кӯдакони хурдсоли худро дар хона гузошта, омада "хизматрасонӣ" мекунанд",- мегӯяд ин ҳамсӯҳбати мо.

Ҳанӯз чанд соли қабл, мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта буданд, ки тарҳи ба ҷавобгарӣ кашидани танфурӯшонро омода карда ва ба порлумон пешниҳод хоҳанд кард. Аммо то ҳанӯз як чунин тарҳ ба порлумон фиристода нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG