Пайвандҳои дастрасӣ

Лоиҳаи ислоҳот ба Кодекси гумруки Тоҷикистон аз рӯзномаи ҷаласаи Маҷлиси намояндагон хориҷ карда шуд.

Қарор буд, ки тарҳи қонун, ба думболи «вето»-и Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дубора дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ шавад. Гуфта мешавад, ки ин тарҳ бинобар мухолифати бандҳои алоҳидаи он бо меъёрҳои байналмилалӣ, ба бознигарӣ ниёз дорад. Аммо барномаи баррасии дубораи тарҳи қонун дар ҷаласаи парлумон ба мухолифати шадиди намояндаи ваколатдори раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ рӯ ба рӯ гардид.

Бо исрори Намояндаи раиси ҷумҳур Ҷумъахон Давлатов баррасии ин тарҳ аз рӯзномаи ҷаласа берун андохта шуд. Ин амали Ҷумъахон Давлатов, норозигии Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумон ва Амиршоҳ Миралиев, муовини ӯро ба бор овард. Ҷаноби Зуҳуров чунин бархӯрди фиристодаи президентро дар таърихи кори парлумон бесобиқа хонд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон гуфт, ки намояндаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон мехоҳад камбуд ва навоқиси кори сохторҳои ҳукумати кишвар, аз ҷумла вазорати саноату энергетика, тандурустӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро, ки мавқеи худро дар робита ба тарҳи ин қонун муайян накардаанд, бар дӯши парлумон бор кунад:

«Ҳамаи он камбудиҳое, ки Шумо дар назар доред, пурра дар хулосаи Маҷлиси Миллӣ дарҷ карда шуда ва ба Маҷлиси намояндагон баргардонида шудааст. Мебахшед, Маҷлиси намояндагон ин органи олии қонунгузории мамлакат аст. Ба воситаи Маҷлиси миллӣ масъалаҳо ва проблемаҳое, ки дар ҳукумат ҳал намешаванд, ё ки дар вақти дида баромадан шумо аҳамият намедиҳед, ё ҳуқуқшиносон аҳамият намедиҳанд, онҳоро ба воситаи Маҷлиси миллӣ ба гардани Маҷлиси Намояндагон бор карда фиристодан, ки чунин камбудиҳо дар қабули қонуни мазкур аз тарафи Маҷлиси Намояндагон зоҳир шудааст, ин кори хуб нест.»




Аммо Амиршо Миралиев, муовини раиси Маҷлиси Намояндагон, ки то кунун тақрибан дар ҳеҷ яке аз баҳсҳои парлумонӣ ширкат намекард, аз он изҳори нигаронӣ кард, ки чаро намояндаи ваколатдори раиси ҷумҳурӣ дар ҷараёни баррасии ин лоиҳа дар Маҷлиси намояндагон дар моҳи феврали соли ҷорӣ эрод ва интиқодоти худро матраҳ накард, вале ҷиҳати бозгардонидаи ин лоиҳа ба раиси ҷумҳурӣ нома навиштааст:

Амиршоҳ Миралиев, муовини раиси МН

Амиршоҳ Миралиев, муовини раиси МН

«Гап дар сари ин намеравад, фаҳмидӣ. Мо ҳамаамон командаи Ҷаноби Олӣ ҳастем, пеш аз ҳама. Инро ҳама медонад. Лекин сабаб чист, ки шумо қонуне, ки аз тарафи ҳукумат пешниҳод шудааст, дар Маҷлиси Намояндагон тарафдорӣ ёфту дар Маҷлиси Миллӣ ҳамчун мушовири давлатии президент, намояндаи комилҳуқуқи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ муҳофизат карда натавонистед. Айби вакилони Маҷлиси намояндагон дар чист?»

Дар ҳоле, ки баъзе аз намояндагони мардуми баҳси ахирро бархӯрди лоббиҳои мухталифи тарҳи қонун арзёбӣ мекунанд, Ҷумъахон Давлатов, намояндаи ваколатдори раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ исрори худро ба “риоят нашудани дастури кори парлумон дар тасвиби лоиҳаи қонун” тавҷеҳ кард. Вай афзуд, дар ҳоле ки ин тарҳ аз тарафи Маҷлиси Миллӣ пазируфта нашуд, он мебоист дар кумитаҳо ва Шӯрои маҷлиси Намояндагон ва бо иштироки намояндаи ҳукумат баррасӣ шавад ва танҳо баъди радди ихтилофот дар баррасии вакилони қарор бигирад:

«Ман ба эродҳои Шумо ягон мухолифат надорам. Тартиби баррасии қонун аз тарафи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Тоҷикистон на дар дастури ҳукумати Тоҷикистон ва на дар дастури МНТ ва на дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ пешниҳод карда нашудааст. Қонуне, ки аз Маҷлиси Миллӣ баргардонида шуд бо кадом тартиб баррасӣ карда мешавад ва ё ветои Маҷлиси Ҷумъахон Давлатов

Ҷумъахон Давлатов

Миллӣ бо овози зиёдтар баргардонида мешавад ё эродҳо ба инобат гирифта мешаванд ё комиссияи созиш ташкил карда масъала ҳал карда мешавад. Мо дар кумита иштирок накардаем, кумита ба субъект хулосаи худро надодааст ва мо бо хулосаи он шинос нестем ва фикр мекунем, ки бояд дастур ҳатман риоят карда шавад.»

Аммо камбуд ва навоқиси тарҳи Кодекси гумруки Тоҷикистон, санаде, ки қабули он барои ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат муҳим дониста мешавад, чӣ аст. Ва оё дар паси ин ихтилоф манофеи гурӯҳҳои хос ва ё ба истилоҳ «лоббистҳо» пинҳон нест?

Исмоил Талбаков, узви Кумитаи иқтисод ва будҷаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, ки танҳо баъди даъвати намояндагони сохторҳои зикршуда, аз ҷумла вазоратҳои тандурустиву саноат ва энергетика ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ метавон пай бурд, ки инҷо манфиати кӣ таҳти суол рафтааст. Зеро мегӯяд оқои Талбаков, ин тарҳ аз тарафи худи ҳукумат пешниҳод шудааст ва агар ҳамоҳангии сохторҳои ҳукумат дар мавриди он ҳосил нашудааст, пас он тақсири парлумон нест:

Исмоил Талбаков, вакили МН аз ҲКТ

Исмоил Талбаков, вакили МН аз ҲКТ

“Он чизе, ки Маҷлиси миллӣ асоснок кардааст, инҳо фақат бар хилофи қонунҳои амалкунанда дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аст дар бораи сертификатсия. Лекин аз он номае, ки омадааст, ҳоло мо намедонем, ки вазорати энергетика чӣ ихтилоф дорад, тандурустӣ ва ё Кумитаи амният чӣ ихтилоф дорад. Инро ҳозир мо намедонем. Акнун, ки мо супориш гирифтем ва ин аснодро ба мо медиҳанд ва мо намояндаҳои ин вазоратҳоро даъват мекунем, баъд инҷо мефаҳмем, ки лоббист кӣ аст ва доири кадом модда кӣ ва чӣ ихтилоф дорад, баъд мефаҳмем.”

Ба ин тартиб Маҷлиси намояндагон ҷиҳати рафъи ихтилофи пешомада бар сари тарҳи Кодекси гумрук ташкили як комиссиюни созишро аз ҳисоби вакилон ва аъзои Маҷлиси олӣ ва намояндагони сохторҳои марбута зарур шуморид. Гуфта шуд, ки дар наздиктарин ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон он мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Зимнан, Кумитаи гумруки Тоҷикистон яке аз сохторҳои муҳим дар ҳукумати ин кишвар ба ҳисоб меравад. Дар соли гузашта ин ниҳод ба будҷаи кишвар беш аз ду миллиард сомонӣ ворид кардааст, ки гуфта мешавад наздики чиҳил дарсад аз даромадҳои будҷаи давлатиро ташкил мекардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG