Пайвандҳои дастрасӣ

Сурия мегӯяд, ба нозири зиёд зарурат надорад


Волид Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия, рӯзи чаҳоршанбе гуфт, “250 нафар нозири Созмони Милал” барои назорати оташбас дар кишвараш “маъқул ва мантиқист.” Як рӯз пеш аз ин Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал гуфт, шояд зарур мешавад, маъмурияти нозиронро дар Сурия васеътар карда онҳоро бо ҳавопаймо таъмин кунанд. Волид Муаллим, ки барои гуфтӯгу бо мақомоти Чин ба Пекин рафтааст, гуфт, дар сурати пеш омадани зарурат, Созмони Милал метавонад, барои иҷрои маъмуриятҳояш аз ҳавопаймоҳои худи Сурия истифода кунад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар Маскав аз баъзе мухолифони давлати Башшор Асад аз ҷумла Шӯрои Миллии Сурия интиқод кард, ки ба гуфтаи вай барномаи шашбандии сулҳи Кофӣ Анон фиристодаи Созмони Милал напазируфтаанд. Ба гуфтаи Сергей Лавров, “бисёриҳое ҳастанд, ки мехоҳанд, барномаи Анан натиҷа надиҳад” ва онҳо истифодаи нерӯи хориҷиро талаб кунанд.
XS
SM
MD
LG