Пайвандҳои дастрасӣ

Эъломи иттиҳом ба афсари баландрутбаи тоҷик


Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, як афсари баландрутбаи Оҷонси мубориза алайҳи қочоқи маводи мухадирро расман ба сӯистифода аз мақом ва фаротар рафтан аз салоҳиятҳояш муттаҳам кардааст. Як манбаъ дар додситонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси ин айбнома амри боздошти полковник Абдусалом Акрамов, муовини сардори раёсати фаврӣ ҷустӯҷуи Оҷонси мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ба зудӣ содир хоҳад шуд. Доир ба хатокориҳо ва иттиҳомоти сӯистифода аз мансаб ҷузъиёте надодаанд. Аммо як моҳ қабл сардори ҳамин раёсат, Равшан Мирзоаҳмадов бо айни иттиҳом боздошт шуда буд. Оҷонси мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон бо мусоидати Созмони Милал таъсис шудааст.
XS
SM
MD
LG