Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Арзёбии вазъи муҳоҷирони тоҷик дар СММ


Кумитаи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Созмони Милал имрӯз баррасии иқдомоти давлати Тоҷикистон барои ҳимоят аз ҳаққу ҳуқуқи муҳоҷирони кориро идома медиҳад. Дар шаҳри Женева нишасти кумита идома дорад ва имрӯз аъзои он аз мақомоти расмии Тоҷикистон мепурсанд, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар солҳои гузашта чӣ корҳое ба сомон расонидаанд. Ҳукумати Тоҷикистон дар гузориши бештар аз 200 саҳифагӣ гуфтааст, ки тамоми санадҳои лозим барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кориро қабул карда ва ба ҳадди тавонаш дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ мекунад, аммо ҳанӯз мушкилоте вуҷуд дорад. Таври маълум дар Русия садҳо ҳазор нафар аз муҳоҷирони тоҷик кор мекунанд ва бисёре аз онҳо ба азобу машаққати зиёд рӯ ба рӯ мешаванд.
XS
SM
MD
LG