Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаводаи бен Лодинро дертар "меронанд"


Ихроҷи хонаводаи Усома бен Лодин аз Покистон ба таъхир афтодааст, зеро ба гуфтаи вакили онҳо, ҳамаи санадҳои лозимӣ барои ихроҷ омода нашудааст. Се зан, ҳашт фарзанд ва як набераи Бен Лодинро баъди қатли худи ӯ дар шаҳри Абутободи Покистон, дар моҳи майи соли гузашта боздошт карданд. Раҳбари Ал-Қоидаро нерӯҳои махсуси амрикоӣ дар як амалиёти махсус куштанд. Қарор буд, хонаводаи Бин Лодин рӯзи чаҳоршанбе аз Покистон ба Арабистони Саудӣ ронда шаванд. Додгоҳи Покистон онҳоро ба вуруд ва иқомати ғайриқонунӣ дар қаламрави ин кишвар гунаҳкор донист ва амр дод баъди адои ҳукми зиндон ва ҷарима аз Покистон ронда шаванд.
XS
SM
MD
LG