Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай: "Бо ИМА дар мавриди кӯмакҳои молӣ ихтилоф дорем"


Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон

Ҳомид Карзай мегӯяд, ки дар мавриди мушаххас шудани мизони кӯмакҳои молии Амрико ба Афғонистон дар санади стратегии миёни ду кишвар, ихтилофи назар вуҷуд дорад.

Раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи сешанбе дар Кобул гуфтааст, дар бораи ҳама ҷонибҳои ин санад гуфтугӯ идома дорад ва талош мекунанд Амрикоро қонеъ бисозанд то кӯмакҳояшонро ба Афғонистон идома бидиҳад.

Бо он, ки монеаҳои асосӣ дар баробари имзои санади мушорикати стратегӣ миёни Афғонистон ва Амрико бартараф шудаанд, аммо чигунагӣ ва таъйини миқдори кӯмакҳои молии Амрико дар солҳои оянда ба Афғонистон масъалае аст, ки ҳанӯз дар бораи он тавофуқ сурат нагирифтааст.

Раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи шанбе дар Кобул гуфт, ки мехоҳанд Амрико миқдори кӯмакҳои молии худро баъд аз соли 2014 ба ин кишвар дар санади стратегӣ миёни ду кишвар зикр кунад. Оқои Карзай изҳор доштааст, ки то кунун дар ин масъала бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба тавофуқ нарасидаанд.

Пеш аз ин, масъалаи вогузории масъулияти контроли зиндони Багром, дар наздикиҳои Кобул ба ҳукумати Афғонистон ва афғонӣ сохтани амалиётҳои шабона - ду монеи бузург дар баробари имзои санади мушорикати стратегӣ миёни ду кишвар хонда мешуданд. Пас аз он, ки мақомоти афғон ва амрикоӣ дар ин маврид ба тавофуқ расиданд ва тафоҳумномаҳоеро имзо карданд, умедориҳое дар мавриди ниҳоӣ шудани раванди имзои санади мушорикати стратегӣ миёни ду кишвар ба вуҷуд омад.

Мақомоти амрикоӣ ва афғон қаблан изҳори умедворӣ карда буданд, ки санади стратегиро қабл аз баргузории конфронси Чикаго, ки қарор аст дар моҳи майи соли ҷорӣ баргузор шавад, ба имзо бирасонанд.

Дар канори ихтилофҳои назар миёни ҳукумати Афғонистон дар мавриди имзои ин санад, ихтилофи назар дар бораи арзиши ҳуқуқии ин санад низ ҳанӯз ҳал нашудааст.

Мақомҳои амрикоӣ гуфтаанд, ки ин санадро дар чаҳорчӯбаи як эъломия ба имзо мерасонанд, аммо мақомоти афғон таъкид мекунанд, ки эъломия ҷанбаи илзомӣ надорад ва бояд ин санад дар қолаби як паймон ба имзо бирасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG