Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи муҳокимаи Брейвик дар Норвегия


Муҳокимаи Андерс Беҳринг Брейвик, ки қатли 77 нафарро дар Норвегия эътироф кард, имрӯз дар шаҳри Осло идома мекунад. Дар рӯзи саввуми муҳокима, cуханро ба ӯ доданд, вале ба хотири онки ӯ метавонад бо истифода аз ин минбар андешаҳои ифротиашро тарғиб кунад, суханронии ӯ дар телевизионҳо нашр намешавад. Дар рӯзи дуввуми муҳокима, Андерс Брейвик “бомбгузориву ва қатли ҷавонон ҷавонон дар урдӯгоҳро” кори дуруст хонд ва гуфт агар метавонист, ин корашро аз нав мекард. Ӯ ҳамлаи худро, “мудофиъаи қонунӣ” аз чандфарҳангӣ номида гуфт, ки агарчӣ кораш “золимона аммо зарурӣ” буд. Дар сурати собит шудани гуноҳҳояш ва сиҳат будани Брейвик додгоҳи Норвегия метавонад ӯро то 21 соли зиндон маҳкум кунад. Вале агар табибон ӯро “девона” бидонанд, то охири умраш дар бемористон табобат хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG