Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

НАТО масъалаи тарки Афғонистонро баррасӣ мекунад


Вазирони дифоъ ва умури хориҷии кишварҳои узви НАТО дар нишасти дурӯзаи худ дар Брюссел ихроҷи барномарезишудаи нерӯҳои паймон аз Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Дар ин нишаст, дастури кор ва заминаҳо барои нишасти сарони кишварҳои узви НАТО омода мешавад, ки қарор аст моҳи оянда дар шаҳри Чикагои Амрико баргузор шавад. Раҳбарони НАТО моҳи ноябри соли 2010 мувофиқат карданд, ки то охири соли 2014 масъулияти таъмини амният дар Афғонистонро тадриҷан ба ихтиёри нерӯҳои афғон месупоранд, вале ҳанӯз масъалаи таъмини молии пулис ва артиши Афғонистон баъд аз он солро баррасӣ доранд. Се рӯз пеш аз ин нишаст, шаҳри Кобул ва чанд шаҳри дигари Афғонистон шоҳиди ҳамлаҳои ҳамоҳангшуда ва маргбори Толибон шуд.
XS
SM
MD
LG