Пайвандҳои дастрасӣ

Куриёи Шимолӣ аз аҳдаш даст кашид


Куриёи шимолӣ мегӯяд, аз ин пас мораториуми озмоишҳои мушакӣ ва ҳастаиро риоят нахоҳад кард, ки бо Амрико сари он ба мувофиқа расида буд. Пештар аз ин Амрико гуфт, баъди партоби бебарори мушак аз Куриёи Шимолӣ иҷрои ин мувофиқатномаро бозмедорад. Бар асоси созиши мазкур аз моҳи феврал, Куриёи Шимолӣ бояд иҷрои барномаҳои атомӣ ва озмоиши мушакҳоро бозмедошт ва дар иваз Амрико ба он кишвар кӯмакҳои ғизоӣ медод. Куриёи Шимолӣ, Амрикоро ба “иқдоми хасмона” муттаҳам кард ва гуфт, посухи онро хоҳад дод. Куриёи Шимолӣ рӯзи ҷумъа мушакеро партоб кард, ки баъди андаке парвоӯ сарнагун шуд. Созмони Милал барои ин кораш Пхенянро маҳкум намуд, зеро бар асоси таҳримоти Созмони Милал ҳақ надорад, мушакҳои дурпарвоз озмоиш кунад.
XS
SM
MD
LG