Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси тунди вакилони МН бо ваколатдори президент


Рӯзи чоршанбе дар иҷлосияи навбатии МН тарҳи Кодекси гумруки Тоҷикистон бо пешниҳоди намояндаи ваколатдори президент Ҷумъа Давлат аз рӯзномаи иҷлосия баргирифта шуд.

Ва ин пешниҳоди ваколатдори президент як баҳси тунду тезро дар миёни вакилони МН ва намояндаи ваколатдори президент ба миён овард, ки Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон онро "бесобиқа" хонд.

Оқои Зуҳуров изҳори ташвиш кард, ки чаро ваколатдори президент қаблан дар баҳси ин тарҳ навоқиси онро ба вакилон ироа накард, вале бо вакилони Маҷлиси Миллӣ дар ин бора сӯҳбат кардааст.

Ҷумъа Давлат гуфтааст, ки тарҳи мазкур чанд нуқс дошта, минҷумла вазорати энергетика ва саноат, вазорати тандурустӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ назари худро ба ин санад баён надоштаанд.

Ҳамин тавр тарҳи Кодекси гумрук, ки мебоист имрӯз ба тасвиб мерасид, ғайричашмдошти вакилони МН, бо пешинҳоди ваколатдори прездент баргардонида шудааст.
XS
SM
MD
LG