Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти мошинҳои ҳомили дору дар марзи Узбакистон


Иддае аз тоҷирони тоҷик рӯзи чоршанбе ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки феълан 9 мошини борбари ҳомили навъҳои гуногуни доруҳо дар гузаргоҳи Қазоқистон ва Узбакистон аз тарафи гумрукчиёни узбак боздошта шудаанд. Ба қавли тоҷирони тоҷик, гумрукчиёни Узбакистон бар асоси як санади чор соли пеш, иддао мекунанд, ки интиқоли ҳудуди 80 номгӯи маҳсулоти кимиёвӣ ва тиббӣ аз қаламрави ин кишвар мамнӯъ мебошад. Аз ин рӯ онҳо иҷозаи вуруди мошинҳоро ба қаламрави Узбакистон намедиҳанд. Тоҷирон мегӯянд, ки тақрибан ду ҳафта мешавад, ки мошинҳо дар гузаргоҳи Узбакистон истодаанд ва намедонанд, ки сарнавишти баъдии онҳо чӣ хоҳад шуд. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар робита ба ин масъала изҳори беиттилоӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG