Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Кӣ Мун, Дабири кулли СММ, хостори афзоиши теъдоди нозирони байнулмилалӣ дар Сурия шуд.

Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти авзоъ дар Сурия назорати оташбас аз сӯи 250 нозир кофӣ нест. Ҳарчанд дар Сурия як ҳафта боз оташбас эълон шудааст, гоҳ-гоҳ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ бархӯрдҳо сурат мегиранд. Бан Ки Мун афзуд, ӯ аз Иттиҳодияи Аврупо хостааст, ки нозирони байнулмилалиро бо чархболу ҳавопаймоҳо таъмин кунад. Ҳанӯз маълум нест, ки раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ба афзоиши теъдоди нозирони байнулмилалӣ ва вуруди ҳавопаймоҳои хориҷӣ ба кишвар чӣ вокуниш мекунад.

Гурӯҳи аввалини нозирони байналмилалӣ вориди Сурия мешаванд.

Гурӯҳи аввалини нозирони байналмилалӣ вориди Сурия мешаванд.

Айни ҳол фақат гурӯҳи аввали нозирони СММ вориди Сурия шуда, вале Димишқ ҳанӯз ваколати онҳоро пурра таъйид накардааст. Шаш нозир рӯзи сешанбе аз минтақаи Даръо, воқеъ дар марзи Урдун, дидан карданд. Онҳоро гурӯҳи бузурги эътирозгарон пешвоз гирифтанд.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи хабаргузориҳо, хушунат дар Сурия идома дорад ва аммо дар бораи қурбониёни бархӯрдҳо иттилои зидуннақиз мерасад. Ба иттилои созмони дидбони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Лондон, дар бархӯрдҳои рӯзи гузашта се нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Ва аммо фаъолони мухолифин дар Сурия ба хабаргузории ДПА аз ҳалокати 77 сокини осоишта иттилоъ дода рӯзи сешанберо “хунбортарин баъд аз эълони оташбас” номиданд. Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, шоми сешанбе бар асари таркиши як мошини ҳомили маводи тарканда дар Алеппо, дасти кам 20 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Дар ҳамин ҳол дирӯз дар Қатар ҳайати Иттиҳоди кишварҳои араб бо фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳоди кишварҳои араб дар Сурия Кофӣ Аннон мулоқот кард. Баъд аз ин дидору гуфтугӯ раҳбари Иттиҳоди кишварҳои араб Набил ал-Арабӣ гуфт, ки онҳо бори дигар аз тарҳи сулҳи Аннон пуштибонӣ карданд ва аммо таъкид намуданд, ки иҷрои он замони тӯлониро тақозо дорад.Тарҳи Кофӣ Аннон берун кардани нерӯҳои низомӣ ва тонку зиреҳпӯшҳо аз шаҳрҳо, ёрии башарӣ ба сокинони шаҳрҳои гирифтори даргириҳо, раҳоии маҳбусон ва фаъолияти бидуни монеъаи хабарнигорон дар Сурияро дарбар мегирад.

Алиризо Нуризода, таҳлилгари масоили Ховари Миёна, рӯзе пеш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки 140 ё 250 нозири СММ барои назорати авзоъ дар Сурия кофӣ нест: “Агар ба Боснӣ ва Ҳерсеговина нигаҳ кунем, мебинем, ки панҷ баробари ин нозирон он ҷо ҳузур доштанд, ҳол он ки ин сарзамин ба андозаи шаҳри Ҳалаб ҳам нест.”

Таҳлигар мутмаин аст, ки “агар СММ ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба таври ҷиддӣ мехоҳанд ин қазияро ҳалу фасл кунанд, бояд ҳадди аққал 2 ҳазор нозирро ба Сурия фиристанд. Дар акси ҳол сарнавишти ин нозирон ҳам чун сарнавишти нозирони араб хоҳад буд, ки баъд аз муддате Сурияро тарк карданд, зеро натавонистанд барои хатми хушунат кореро анҷом диҳанд”.

Қарор аст, ки рӯзи панҷшанбе авзоъ дар Сурия дар Порис, дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои дӯсти Сурия баррасӣ шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG