Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод: Эрониҳо сулҳдӯсттарин мардуми оламанд


Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, дар суханроние дар Рӯзи артиш эълом дошт, ки кишвараш ба ҳама таҳдид бо истифода аз нерӯ посух медиҳад ва истиқлоли худро ҳифз мекунад. Ва аммо ӯ нагуфт, ки изҳороташ алайҳи кадом кишвари мушаххас равона шудааст.

Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, “ҳама медонанд ва бидонанд, ки миллати азизи Эрон сулҳдӯсттарин миллати олам аст, сулҳро барои ҳама миллатҳо мехоҳад”.

Изҳороти Маҳмуди Аҳмадинажод қабл аз нишасти вазирони умури хориҷии шаш кишвари минтақаи Халиҷи Форс дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар, садо дод, ки дар он баҳси чанд ҷазира миёни Аморати Муттаҳидаи Араб ва Эрон баррасӣ шуд. Аҳли нишаст гуфтанд, ки дар ин баҳс аз Аморати муттаҳидаи араб пуштибонӣ хоҳанд кард.

Ҳарду кишвар иддаои соҳибмулкии чанд ҷазираи хурд дар Халиҷи Форсро доранд.

Чанд рӯз пеш Аморати Муттаҳидаи араб аз сафари раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба яке аз ин ҷазираҳо эътироз карда, сафири кишварро аз Теҳрон боз хонда буд.
XS
SM
MD
LG