Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигори озарӣ Айнулло Фатҳуллоев барандаи нави ҷоизаи СММ дар бахши рушди озодии матбуот эълон шуд. Дар изҳороти ЮНЕСКО – Бунёди мароиф, илм ва фарҳанги СММ гуфта шудааст, ки Фатҳуллоев дар тӯли кори худ ҳамеша аз озодии баён кор мегирифт.

Маросими супурдани ҷоиза рӯзи 3 май, Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот, баргузор мешавад.

Айнулло Фатҳуллоев, сардабири нашрияи “Реальный Азербайджан”, чаҳор солро дар маҳбас сипарӣ кардааст. Соли гузашта баъд аз раҳоӣ аз зиндон ӯ Иттиҳодияи ҳуқуқи башарро таъсис намуд.

Аз ин пеш хабарнигори эронӣ Аҳмад Зайдободӣ ва хабарнигори нашрияи “Новая газета”, чопи Маскав, Анна Политковская барандаи ҷоизаи ЮНЕСКО - World Press Freedom Prize эълон шуда буданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG