Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия телевизиони ҷамъиятӣ ташкил мешавад


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев амреро дар бораи ташкили телевизиони ҷамъиятӣ имзо кард.

Бар пояи ин амр, пахши барномаҳои шабакаи нав аз 1 январи соли оянда шурӯъ мешавад. Дастрасӣ ба телевизиони ҷамъиятӣ дар баробари дигар шабакаҳо – “Шабакаи якум”, “Русия-1”, НТВ, “Культура” ва “Русия-24” ройгон хоҳад буд. Қарор аст, ки дар марҳалаи аввал телевизиони ҷамъиятӣ аз буҷаи Русия сармоягузорӣ шавад.

Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди раёсатҷумҳурии Русия Михаил Федотов амри Медведев дар бораи ташкили телевизиони ҷамъиятиро “санади таърихӣ” номид.
XS
SM
MD
LG