Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифини Сурия бо мақомоти Русия мулоқот карданд


Сергей Лавров

Сергей Лавров

Як гурӯҳи мухолифини ҳукумати Сурия дар шаҳри Маскав бо мақомоти Русия музокирот анҷом дод.

Ҳотам Манноҳ, як узви ҳайат гуфт, ки Русия фишанги таъсиргузорӣ ба ҳукумати Башор Асадро дорад ва ҳамчунин метавонад ба амалӣ шудани тарҳи фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳоди кишварҳои араб дар Сурия Кофӣ Аннон мусоидат кунад.

Дирӯз Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар нишасти хабарӣ дар Маскав изҳор намуд, ки бархе аз кишварҳо ва нерӯҳои беруна хостори муваффақ шудани талошҳои Шӯрои амниятии СММ нестанд ва мухолифини Димишқро талқин мекунанд, ки аз ҳамкорӣ бо ҳукумати Башор Асад сарпечӣ намояд.

Русияву Чин ба қатъномаи Шӯрои амниятии СММ бо маҳкумсозии Димишқ барои саркӯбии мухолифин вето гузошта буданд.
XS
SM
MD
LG