Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай ҳарсол аз Амрико 2 миллиард доллар мехоҳад


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай гуфт, давлати ӯ баъди хуруҷи нирӯҳои эътилоф дар поёни соли 2014 ҳамасола аз Амрико дастикам 2 миллиард доллар кумак ниёз хоҳад дошт. Ӯ афзуд, Амрико бояд мушаххас кунад, ки бар асоси паймони стротегие, ки музокироташ байни Вошингтону Кобул идома дорад, чӣ қадар ба Афғонистон маблағ хоҳад дод. Давлати Карзай алакай ба ду шарти пешакӣ барои имзои ин паймон – назорати комил бар зиндонҳо ва амалиётҳои шабона – ноил шуд. Карзай ҳамчунин Толибонро ҳушдор дод, ки ҳамлаҳояш танҳо барои тамдиди замони ҳузури нирӯҳои хориҷӣ хидмат мекунад.
XS
SM
MD
LG