Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷумани марзҳои Осиёи Марказӣ дар Вена


Дар Вена анҷумани дурӯзаи махсуси масоили таҳкими марзҳои Осиёи Марказӣ дар пайи хуруҷи 2 сол баъди нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон анҷом ёфт. Жером Бовйе, намояндаи САҲА гуфт, ин ҳамоиш ба дарки зарурати ироаи тамоми кумакҳои лозим барои таҳкими марзҳои кишварҳои минтақа ба хотири ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва густариши терроризм мусоидат кардааст. Бовйе то ҳол аломатгузорӣ нашудани марзҳои байни кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказиро яке аз мушкилоти бузурги ин қаламрав номид.
XS
SM
MD
LG