Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тахор 150 духтарро заҳролуд кардаанд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ҳудуди 150 духтар дар мактабе дар вилояти шимолии Тахор дар пайи нӯшидани оби заҳролуд бистарӣ шудаанд. Ҷонмуҳаммад Набизода, сухангӯи идораи маорифи Тахор «афроди мухолиф ба таҳсили духтарон»-ро масъули заҳролуд кардани толибилмони маркази Насвон дар шаҳри Рустоқ номид. Табибон вазъи бархе аз ин духтаронро, ки аз дарди сар ва дилбеҳузурх шикоят доранд, сангин мехонанд. Фармондеҳи маҳаллии Толибон гуфт, ин кори онҳо нест, чунки Толибон кӯдаконро ҳадаф қарор намедиҳад. Режими Толибон то суқуташ дар соли 2001 таҳсили духтаронро манъ карда буд.
XS
SM
MD
LG