Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми зиндони ду марзбони қочоқбар


Додгоҳи низомии гарнизони Хатлон ду афсари марзбонро бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба 14 соли зиндон кард. Қозии мурофиа Исмоил Мирмахсумов ба ба “Азия Плюс” гуфт, ноиби фармондеҳи гузаргоҳи марзии Кокул Наҷибуллоҳ Носиров ва Диловар Даматов бо ҷурми фурӯхтани беш аз 5 кило ҳашиш ва 1 кило афюн маҳкум шуданд. Додгоҳ ҳардуро аз унвонҳои низомӣ низ маҳрум кард.
XS
SM
MD
LG