Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хонаводаи Бин Лоденро фардо ихроҷ мекунанд


Мақомоти Покистон таъйид карданд, ки аъзои хонаводаи раҳбари шабакаи Ал-Қоида Усома Бин Лоденро субҳи чоршанбе ихроҷ хоҳанд кард. Се зан, 8 фарзанд ва як набераи Бин Лоден дар пайи қатли ӯ аз сӯи нирӯҳои вижаи Амрико дар моҳи майи соли гузашта дар Аббатобод боздошт шуданд. Хабари ихроҷи онҳо баъди адои ҳукми кӯтоҳи зиндон бо ҷурми вуруд ва иқомати ғайриқонунӣ дар Покистон содир шуд. Интизор меравад, пайвандони Бин Лоден ба Арабистони Саудӣ ихроҷ шаванд.
XS
SM
MD
LG