Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Я встретил девушку..."-и Саъдии Бӯризод дар Маскав


Саъдии Бӯризод (чап) дар студияи Радиои Озодӣ
Саъдии Бӯризод (чап) дар студияи Радиои Озодӣ

Дар ҷашнвораи байналмилалии Наврӯз, ки моҳи март дар Маскав баргузор шуда буд, овозхони тоҷик Саъдии Бӯризод бо иҷрои таронаи "Ман бо духтаре вохӯрдам" ҷои аввалро соҳиб шуд.

Ин ҷашнвора дар толори бузурги "Лужники"-и Маскав бо ширкати овозхонону ҳунармандони 15 кишвари минтақаи АвруОсиё сурат гирифт ва бар иловаи Саъдии Бӯризод, Муҳаммадвалӣ Орзуев, ромишгар ва ғижжакнавози маъруф низ ҳунарнамоӣ кард, ки тамошобинонро мафтун кард.

Ҳарчанд Саъдии Бӯризод, ба ин ҷашнвора чандин таронаи эҷодкардаашро бурдааст, аммо бо ҳидояти Галина Дмитреевна, коргардони рус, суруди "Ман бо духтаре вохӯрдам" (Я встретил девушку)-ро иҷро кардааст, ки на танҳо писанди тамошобинон, балки ҳакамони ҷашнвора қарор гирифтааст. Саъдӣ мегӯяд, "дар ҳоле, ки ин таронаро ба миллатҳои дигар, назири озарҳо нисбат медоданд, аммо дар ҷамъи меҳмонону масъулони шаҳри Маскав ва сафирони кишварҳои АвруОсиё дар Русия эълом кардам, ки ин тарона моли тоҷикон аст ва маҳсули шоири бузурги миллати тоҷик Мирзо Турсунзода мебошад."

Он гуна ки ҷаноби Бӯризод мегӯяд, ин тарона шӯру шавқи болидаеро дар толори "Лужники"-и Маскав ба бор оварда ва намояндагони миллатҳои гуногун ба рақсу бозӣ даромада ва ҳамовозии гарму ҷӯшони худро баён медоштанд. Ин будааст, ки дар поёни баргузории ҷашнвора муовини шаҳрдори Маскав, ки дар садри ҳакамон қарор доштааст, ҷойи аввалро ба Саъдии Буризод, намояндаи Тоҷикистон ва овозхони шоистаи ин кишвар барои иҷрои таронаи "Ман бо духтаре вохӯрдам" сазовор донистааст.

"Я встретил девушку..."-и Саъдии Бӯризод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:25 0:00
Линки мустақим


Саъдии Бӯризод гуфт, маҳз филми "Я встретил девушку", ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ тавлид шуда буд ва тақрибан ҳамаи мардуми кишварҳои бародар онро тамошо карда буданд, боиси ҷалби таваҷҷӯҳи тамошобинон ва аъзои ҳакамон шудааст. Зеро ба таъкиди ӯ, филмҳое, ки "Тоҷикфилм" дар даврони Шӯравӣ офаридааст, на танҳо дар дохили Тоҷикистон, балки берун аз он, бахусус кишварҳои узви ин иттиҳод ба намоиш гузошта мешуд.

Филми "Ман ба духтаре вохӯрдам" нахустин бор соли 1957 тавассути "Тоҷикфилм" дар таҳияи коргардон Рафаил Прелштейн ба навор гирифта шудааст. Номи ин филм аз суруде, ки дар ин филм "Ман бо духтаре вохӯрдам" сароида мешавад, гирифта шудааст. Матни сурудро шоири маҳбубу маъруф ва қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода навиштааст. Оҳангсози арманӣ Андрей Бобоев, на танҳо ба матни ин суруд оҳанг бастааст, балки оҳангсози филми "Ман бо духтаре вохӯрдам" низ мебошад. Аммо муаллифи матни русии ин тарона Гаролд Регистонӣ будааст.

Садои форами Лола, қаҳрамони асосии филм дили ҳар раҳгузарро дар шаҳри Сталинободи он замона мафтун мекунад ва падараш инро дида ӯро ба деҳа мебарад. Аммо бехабар аз он ки Саиди барқчӣ, ки ба Лола ошиқ шуда буд, ӯро ҳатто дар деҳа низ пайдо мекунад.

Нақши Лоларо Роза Акобирова ва Саидро Ҷаҳон Саидмуродов бозидаанд. Зимнан, Саъдии Бӯризод, овозхони шоистаи Тоҷикистон дар гурӯҳи ҳунарии "Ориё" -и Кумитаи радио ва телевизион фаъолият мекунад.

То кунун вай чаҳор албоми сурудҳои худро таълиф кардааст, ки мавзӯъҳои ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар меҳвари сурудаҳои вай қарор дорад. Ин овозхон бар ин бовар аст, ки ҷавонони ҳунармади тоҷик бояд дастгирӣ ва ташвиқ шаванд ва бештар бо ширкат дар ҷашнвораҳои минтақӣ ва байнулмилалӣ битавонанд, обрӯи Тоҷикистонро боло бардоранд. Дар ҳамин ҳол, қарор аст, охири моҳи оянда дар Тотористон ҷашни "Сабанту", ки иди миллии тоторҳост, таҷлил мешавад ва Саъдии Бӯризод барои ширкат дар ҷашнвораи мусиқӣ ба муносибати ин ҷашн ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG