Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори навбатии Карзай ба Толибон


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай Толибонро ҳушдор дод, ки ҳамлаҳояш танҳо ба сӯди тамдиди замони ҳузури нирӯҳои хориҷист. Аммо Карзай, зоҳиран ба хотири ҳифзи раванди оштӣ ва бо умеди расидан ба сулҳ то замони хуруҷи нирӯҳои эътилоф дар поёни соли 2014, афзуд, ки толибҳоро ҳамчунон “бародар” хоҳад ном бурд. Ин изҳорот дар пайи силсилаи ҳамлаҳои ҳамоҳангшуда ба Кобул ва 3 шаҳри дигари Афғонистон аст, ки 35 чирикӣ, 11 тан аз нирӯҳои давлатӣ ва 4 мулкиро кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG