Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқрори гумонбаршудаҳо дар қатли "Бобои барфӣ"


Гумонбаршудаҳои қатли Парвиз Давлатбеков, як ҷавони 25-солаи тоҷик, ки шаби соли нав дар либоси "Бобои барфӣ" кушта шуда буд, гуноҳи худро қисман эътироф карданд.

Муҳокимаи ин парвандаи пурсарусадо, ки гуфта мешуд, ҷанбаҳои мазҳабӣ дошт, баъд аз 4 моҳи ҳодиса дар додгоҳи шаҳри Душанбе оғоз ёфт. Бино ба иттилои масъулони додгоҳ, дар ин куштор дар маҷмӯъ 8 нафар гумонбар дониста мешаванд, аммо ҳоло танҳо 4 нафар дар курсии айбдорӣ нишастаанд.

Фаррух Самиев, Шараф Давлатов ва Ҳасан Абдурашидов бо ҷурми авбошӣ ва як тани дигар - Беҳрӯз Шарифови ноболиғ барои бевосита даст доштан дар қатли Парвиз Давлатбеков айбдор дониста мешаванд. Се гумонбаршудаи ин куштор худро қисман гунаҳкор эътироф карданд ва як нафар пурра ба ҷурми куштор иқрор шуд.

Мавлуда Шарифова, модари Беҳрӯз Шарифов, нафаре, ки дар куштори Парвиз Давлатбеков муттаҳам дониста мешавад, гуфт, ба айби эълоншуда розӣ нест ва бовар дорад, этирофи фарзанди ӯ бо роҳи фишор ба даст омадааст: "Чӣ хел як писари 16-сола метавонад як бачае бо он тану тушро бӯғӣ кардаву корд занад. Бовари кас намеояд, бисёриҳо ба ман гуфтанд, ки бачаи Шуморо тарсондаанд. Таҳдид кардаанд, ки ту ноболиғӣ, осон халос мешавӣ ва ба гардан гир. Ӯро гумроҳ кардаанд. Ман худам аҳамият додам, ки як тарафи писарам меларзад. Рӯҳан ҷароҳат бардоштааст. Писарам ҳамин қадар мегӯяд, ки маро хуб "подставит" кардаанд. Ҳама дигар гумонбарҳоро якуму дуюм рӯз омада бурданд ва писари маро танҳо 3 рӯз даъват карданд. Писари ман ҳатто намедонист, Парвизро кӣ корд задааст."

Шароф Давлатов, падар ва ҳамзамон вакили дифои яке аз дигар айбдоршавандаҳо низ ба иттиҳоме, ки нисбати фарзанд ва зерҳимояааш эълон мешавад, бовар надорад. Аммо мегӯяд, назару хулосаҳои таҳқиқоти худро дар робита ба ин қазия дар охир матраҳ хоҳад кард. Ҳоло Давлатов фақат ҳаминро таъкидро дошт, ки ин баҳс орӣ аз ангезаҳои сиёсӣ нест: "Як баҳсест, ки ҳам мазмуни сиёсӣ дорад, ҳам характери маҳаллӣ. Хулоса, ман дар охир фикрҳоямро мегӯям."

Ҳамла ба Парвиз Давлатбеков, шаби якуми январи соли ҷорӣ рух додааст. Парвиз ба нияти табрики наздиконаш ба муносибати Соли нав, либоси "Бобои барфӣ"- ро ба тан кард, вале дар даромадгоҳи бинои манзили яке аз хешовандонаш аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони ношинос ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Ҳамлаварон ба ӯ чанд корд зада аз ҷойи ҳодиса нопадид шуданд.

Ҳодисаи куштори "Бобои барфӣ" ба он хотир дар расонаҳои дунё бозтоби густарда пайдо кард, ки ба гуфтаи баъзе шоҳидони ҳодиса, ҳамлаварон ҳангоми ҳуҷум Парвизро "кофир" хондаанд. Аммо мақомот ҷанбаи мазҳабии ин қазияро дафъатан инкор карданд.

Ҷовид Гадомаҳмадов, яке аз ҳамроҳони Парвиз Давлатбеков дар он шоми куштор, ки дар оғози мурофиа ба ҳайси шоҳид ширкат дошт, гуфт, баҳсу ҷанҷол байни марҳум Парвиз ва гурӯҳи дигари ҷавонон аз он шурӯъ шудааст, ки ҷавонон аз Парвиз, ки дар бар либоси "Бобои барфӣ" доштааст, тӯҳфа пурсиданд. Парвиз посух медиҳад, ки тӯҳфаҳояш тамом шудааст. Онҳо ӯро дашном медиҳанд ва ба сӯяш ҳамла мекунанд. Ин задухӯрд 5 дақиқа давом карда ва Парвиз Давлатбеков захмҳои шадид мебардорад.

Ҷовид Гадомаҳмадов мегӯяд, "бачаҳои бисёре буданд ва онҳо қасди ҷанг доштанд. Аммо гапҳои маҳалливу мазҳабӣ набуд, асос ҳамон дашном ба номи модари Парвиз буд, ки ҷангро шурӯъ кард."

Шарифа Худойбахшова, холаи Парвиз, ки 5 соли донишҷӯӣ аз ӯ муроқибат кардааст, мегӯяд, Парвиз як ҷавони беозор буд ва ҳоло талаби ягонаи модари маризи ӯ ин аст, ки омилони ин қазия ҳар касе, ки бошад, ҳарчӣ зудтар ба ҷазои аъмолашон бирасанд, то аз фалокатҳои дигар алайҳи наврасон пешгирӣ шавад. Вай афзуд, "бигзор, ҳар касе, ки набошад дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Зеро баъд аз он ки Парвизро куштанд, ман боз шунидам, ки чандин кордзаниҳои дигар ҳам шуд. Бигзор ин як ибрат шавад."

Ба ин тартиб, муҳокимаи куштори Парвиз Давлатбеков бо ширкати 4 нафар аз гумонбаршудагон ва бо шунидани назари нахустин шоҳидон оғоз ёфт ва ҳоло гуфтан душвор аст, ки ин мурофиа чӣ қадар давом мекунад ва поёни он чигуна хоҳад буд. Дар ҳоле ки чаҳор гумонбаршуда дар додгоҳ бозпурсӣ мешавад, чаҳор иштирокдори дигари ин куштор дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Ҷои будубоши ин чаҳор тан - Фирӯз Нарзуллоев, Фирдавс Муродов, Мурод Очилов ва Ализода Саидмаҳмад ҳанӯз мушаххас нест.
XS
SM
MD
LG