Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи аввали додгоҳи қатли "Бобои барфӣ"


Парвиз Давлатбеков
Парвиз Давлатбеков
Гумонбаршудаҳои қатли Парвиз Давлатбеков ба гуноҳи худ қисман иқрор шуданд. Мурофиаи ин куштор субҳи имрӯз дар Додгоҳи шаҳри Душанбе оғоз шуд. Парвиз Давлатбекови 24-сола, ки либоси Бобои барфӣ ба тан дошт, шаби соли нав дар Душанбе кушта шуд. Тафтишот 8 нафар, бо шумули як ноболиғро ба даст доштан дар ин куштор айбдор мекунад, вале то имрӯз танҳо 4 тани онҳо боздошт шудаанд. Се нафар танҳо ба авбошӣ, вале Беҳрӯз Шарипови ноболиғ ба қатли Парвиз Давлатбеков муттаҳам мешавад.
XS
SM
MD
LG