Пайвандҳои дастрасӣ

Қаҳрамони футболи Шри-Ланка ба Душанбе намеояд


Бозии дастаҳои Тоҷикистону Тайван. Моҳи сентябри соли 2011

Бозии дастаҳои Тоҷикистону Тайван. Моҳи сентябри соли 2011

Рақибони футболбозони тоҷик дар бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми раиси АФК-2012 тимҳои "Ал-Амарӣ"-и Фаластин ва "Балкан"-и Туркманистон мебошанд.

Конфедеросиюни футболи Осиё ба тақвими бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми раиси АФК-2012 дар гурӯҳҳои "А" ва "С" баъд аз он ки қаҳрамонҳои Шри-Ланка (СК "Ратнам") ва Бангладеш ("Шайх Ҷамол Дҳамондӣ") аз ширкат дар ин мусобиқа даст кашиданд, тағйирот ворид намуд.

Мусобиқа дар гурӯҳи "А" аз 8-ум то 12-уми май дар Лоҳури Покистон бо ширкати се даста: "Ерчим" (Муғулистон), "Озмоишгоҳи Хон" (Покистон) ва "Тайван Пауэр Компани" (Тайван) баргузор мешавад.

Бозиҳо дар гурӯҳи "С" бо иштироки дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, аз 5-ум то 9-уми май барпо мегардад. Рақибони футболбозони тоҷик тимҳои "Ал-Амарӣ"-и Покистон ва "Балкан"-и Туркманистон мебошанд.

Ҳамаи бозиҳои гурӯҳи “С” дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе соати 16 шурӯъ мешаванд.

Ҷоми раиси АФК. Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи "С":

Даври 1-ум
5-уми май (шанбе)
"Балкан" (Туркманистон) – "Ал-Амарӣ" (Фаластин)

Даври 2-юм
7-уми май (душанбе)
«Ал-Амарӣ» (Фаластин) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 3-юм
9-уми май (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Балкан» (Туркманистон)

Тими «Истиқлол» порсол дар Ҷоми раиси АФК ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфта буд, вале дар марҳилаи ҳалкунанда дар Тайван аз сабқати гурӯҳӣ ба даври баъдӣ баромада натавонист.

Дастаи «Тайван Пауэр Компани», ки соли гузашта дар бозии ниҳоӣ дар майдони худ бар тими «Пномпен»-и Камбоҷа бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад, барандаи феълии Ҷоми раиси AFC маҳсуб мешавад.

Ба ғолиби Ҷоми раиси АFC-2012 50 ҳазор доллар ва ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 25 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор (солҳои 2005, 2008, 2009) ғолиби ин мусобиқот шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG