Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Мушоҳидаҳои хабарнигори "Озодӣ" аз марзи Узбакистон


Пас аз се рӯзи хабарҳои таҷаммӯи танку зиреҳпӯшҳои Узбакистон манзараи марз ҳолати муқаррарӣ гирифтааст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 16-уми апрел, ки аз қисматҳои гуногуни марзи Тоҷикистону Узбакистон дар деҳкадаи Оббурдони ноҳияи Масчо (Мастчоҳ), тахминан 75-километрии Хуҷанд, то гузаргоҳи Фотеҳобод дар шоҳроҳи собиқи Хуҷанд-Тошканд дидан кард. Дар ин маҳалҳо техникаи вазнини ҷангии Узбакистон ба чашм намерасид.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи 13-уми апрел бархе аз сокинони минтақа дар қитъаи байни Сардоб ва Охун-бобо, ки наздик ба 17 километрро ташкил медиҳад, таҷаммӯи тонку зиреҳпӯшҳои кишвари ҳамсояро дидаанд. Вале акнун дар тӯли сарҳад, тавре сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ҳатто шумораи сарбозони Узбакистон аз ҳаррӯза дида камтар ба назар мерасид.

Вақте дар канори ҷамоати Оббурдон, он сӯи наҳри пуроб ва симхори марзӣ, як сарбози узбак намоён шуд ва ҳангоме ки мо мехостам, акс бардорам, як сарбози дигар зоҳир гашт ва бо дастафшонӣ сӯям фарёд кард. Мирзоолими Мирзораҳим, зодаи ҷамоати Оббурдон ва сокини Хуҷанд, ки маро дар сафар ҳамроҳӣ мекард, гуфт, ки сарҳадбонони узбак мегӯянд, акс гирифтан мумкин нест.

Ноҳияи Масчо бо ноҳияҳои Бекобод ва Букаи вилояти Тошканди Узбакистон ҳамсарҳад аст. Аз ҷониби Узбакистон хатти марз як қатор ва ҷое ду қатор симхорбандӣ шуда, аз тарафи Тоҷикистон боз аст. Дар мавзеи наздимарзии ҷамоати Оббурдон ва ҳамин тариқ ҷамоаи Палдорак то минтақаи "Телман", қаламрави Тоҷикистону Узбакистонро як наҳри пуроб ҷудо мекунад. Ин канал ҳамроҳ бо хатти марз аз миёни деҳаҳову заминҳои кишт мегузарад ва танҳо симхор аз ҷониби Узбакистон, ба марзи давлатӣ будани он ишора мекунад. Дар тарафи Узбакистон, мисли такрори масири наҳр роҳи мумфарш мавҷуд аст, ки то мавзеи Фотеҳобод ва сипас Чаноқ расида, ба шоҳроҳи Тошканд васл мегардад.

Манзили Алихӯҷа Камолзода, сокини ҷамоати Оббурдон тахминан дар 50-метрии хатти сарҳад ҷой гирифтааст. Байни хонаи вай ва хатти марз дар вагончае қароргоҳи гурӯҳи марзбонии тоҷик ҷойгир аст. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Бинед, аз манзили ман хатти сарҳад намоён, ман ҳар рӯз бо корҳои рӯзгор лаби канал аз назди симхор мегузарам. Аммо ягон бор надидам, ки техникаи вазнини ҷангии Узбакистон дар он тарафи симхор ҷамъ шуда бошад. Росташ, фақат як бор, тахминан як моҳ пеш, як бегоҳ ду-се БТР-и онҳо аз назди хатти марз гузашта рафт. Дигар чизе надидем.»

Мусоҳиби мо афзуд, Узбакистон симхори марзии худро низ баланд накардааст, танҳо як ҳафта пеш ҷо-ҷои онро тармим кард. Вале ин танҳо як қитъаи марзи дарози байни ду кишвар аст. Дар ҳамин ҳол сарҳадбонҳои тоҷик нахостанд назди микрофон сӯҳбат кунанд ва дар сӯҳбати бемикрофон гуфтанд, ки феълан дар марз оромисту назди марз техникаи вазнини ҳарбии Узбакистон ба чашм намерасад.

Раҳим Раҳимов

Раҳим Раҳимов

Раҳим Раҳимов, дигар сокини ҷамоати Оббурдон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, назди хатти сарҳад замин дорад ва ҳар рӯз дар он кор мекунад: «Ҳозир аз заминам назди марз омадам. Сарҳадбонҳоро мебинам, аз ҳар ду тараф, баъзе вақт гаштугузор мекунанд. Ягон техникаи ҷангӣ ҳам надидам. Аммо як хабар шунидем, ки Тоҷикистон ба хатти марз аз Душанбе зиреҳпӯш овардаст, аммо ба тарафи мо не, тарафи сарҳади ноҳияи Спитамен. Бо сокинони он тарафи симхор, тарафи Узбакистон ҳам сӯҳбат мекунем, байнамон ягон хусумат нест. Носазогӯӣ ҳам на аз сарҳадбонҳо, на аз одамони оддӣ намешунавем. Дар он тарафи хатти сарҳад ҳам бисёртар тоҷикҳо зиндагӣ мекунанд, тоҷиконе, ки аз Нуратои Самарқанд омадаанд.»

Ҷамоати Оббурдон бо фарқ аз ҷамоатҳои дигари Тоҷикистон, аз нигоҳи маъмурӣ на ба деҳаҳои ҷудогона, балки ба кӯчаҳо тақсим шудаст, амсоли кӯчаҳои Ҷомӣ, Соиб, Фирдавсӣ, Сино, Бахт. Аммо сокинон кӯчаву маҳалҳоро бо номҳои деҳаҳои аҷдодии худ дар Кӯҳистони Масчо, мисли Падроху Оббурдону Видкону Камодон ном мебаранд. Насли аввали сокинони ин гузарҳо дар соли 1956 аз ҳамин ном деҳаҳои Кӯҳистони Масчо ба дашти Дилварзин муҳоҷир шуда, ба ҷои чанд деҳа як деҳкадаи бузургро ташкил додаанд.

Канори роҳу заминҳои кишт одамон бисёр ба чашм менамуданд ва бачаҳову ҷавонон гову барраҳои худро дар канори заминҳо бонӣ мекарданд. Дар чеҳраву симои сокинон ҳеҷ нигаронӣ мушоҳида карда намешуд. Дар сӯҳбатҳои сарироҳӣ бо Радиои Озодӣ, ҳамсӯҳбатонам моил буданд, бештар дар бораи обу кишоварзӣ сӯҳбат кунанд. Чунки онҳо заминҳои худро кишт кардаанд, аммо ҳанӯз насосҳо ба кор андохта нашудаанд. Барои обшор кардани ин заминҳои дар гузашта биёбонӣ, панҷ канал канда ва як шабакаи васеи обёрӣ таъсис шудаанд. Солҳои охир на ҳамаи ин шабака ба таври дуруст кор мекунад.

Саид Аҳмадҷонов, як масъули маҳаллӣ

Саид Аҳмадҷонов, як масъули маҳаллӣ

Ба гуфтаи Саид Аҳмадҷонов, муовини раиси ҷамоати Оббурдон, 60 дарсади заминҳои ин мавзеъ аз тариқи насосҳо обёрӣ мешавад, аммо ҳанӯз интиқоли барқ барои оғози кори онҳо шурӯъ нашудааст. Вай гуфт, сарҳади симхорбанд миёни Узбакистону Тоҷикистон барои бисёр сокинон, ки дар он сӯи марз хешонашон зиндагӣ мекунанд, душворӣ меорад: «Масалан, хешу таборони мо ҳам дар Узбакистон зиндагӣ мекунанд. Аммо наздашон бемалол рафтан намешавад, вақти зиёд шуд, ки бо онҳо дидор надоштем,» - илова кард вай.

Бо вуҷуди чаҳор гузаргоҳи марзӣ сокинони манотиқи наздимарзии ноҳияи Масчо танҳо аз ягона гузаргоҳи расмии Фотеҳобод – Ойбек иҷозаи вуруд ба хоки Узбакистонро доранд. Сокинони наздимарзӣ ҳақ доранд бе виза ба қаламрави якдигар то 60 километр ва барои муддати 3 шабонарӯз ворид шаванд. Аммо барои интиқоли молу коло иҷозат намедиҳанд. Дар тафовут ба ин сокинони деҳоти наздимарзии Узбакистон аз ҳар чаҳор гузаргоҳ вориди Тоҷикистон мешаванд ва ба ин ҷо бору колои фурӯшӣ меоранд.

Вақте шоми 16-уми апрел ба гузаргоҳи Фотеҳобод рафтам, он боз буд. Масъулони гумрук гуфтанд, ки ин гузаргоҳи барои убуру мурури шаҳрвандон ва нақлиёт шабонарӯз фаъол аст. Аммо сокинон ва нақлиёти убуркунанда кам ба чашм мерасид. Ман дар утоқи кормандони гумрук ду ҷавонро дидам, ки гуфтанд роҳи аз Литва то Тоҷикистонро бо автомобили худ ва бидуни ҳеҷ мушкилии ҷиддие паси сар гузошта, инак ба хоки Ватани худ қадам гузоштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG