Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин гузориши Тоҷикистон дар СММ оид ба ҳуқуқи муҳоҷирон


Маркази иттилоотии СММ аз нахустин гузориши Тоҷикистон дар Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи коргарони муҳоҷирони созмон хабар додааст.

Бино ба ин маълумот, таваҷҷуҳи аслӣ зимни баррасии нахустин гузориши Тоҷикистон роҷеъ ба ҳуқуқи муҳоҷирон ба раванди муҳоҷират ва таъсири ин раванд ба қишрҳои осебпазири мардум, занон ва кӯдакон аст.

СММ гуфтааст, ки Тоҷикистон барои танзими раванди муҳоҷират талош кардааст ва ба танзим даровардани ин раванд ба далели мушкилоте, ки дар кишварҳои муҳоҷирпазир вуҷуд дорад, номумкин аст.

Зеро кишварҳои аслие, ки муҳоҷирони Тоҷикистонро қабул мекунанд, низоми раводид бо Тоҷикистон надоранд ва шаҳрвандони Тоҷикистон аслан бо сурати қонунӣ вориди ин кишвраҳо мешаванд, аммо вақте, ки шароиту муқаррароти кишвари мизбонро риоя накарданд, баъд муҳоҷири ғайри қонунӣ шумурда мешаванд.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар миёни солҳои 2004 то 2011 шумори муҳоҷирони кории тоҷик аз 254 ҳазор ба 750 ҳазор нафар расидааст. Аммо бино ба маълумоти созмонҳои ғайри давлатӣ ва мустақил, камобеш 1, 5 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебарад. Ба маълумоти Бонки марказии Русия, ин муҳоҷирон, ки умдатан дар он кишвар ба сар мебаранд, дар соли 2011 се миллард доллар ба Тоҷикитсон интиқол карданд.

Дар соли 2008 мизони интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 2 милларду 600 миллион долларро ташкил медод. Аммо ин нишондод дар соли 2009 бино ба далели бӯҳрони молии ҷаҳонӣ коҳиш ёфт ва ҳудуди 1 миллиарду 800 миллион долларро ташкил кард. Аммо дар соли 2010 дубора интиқоли пул афзоиш ёфт ва ҳудуди 2 милларду 300 миллионро ташкил дод.

Дар маълумоти СММ омадааст, ки мақомоти Тоҷикистон дар воқеъ иқрор кардаанд, ки муҳоҷират оқибатҳои бади иҷтимоӣ, хоса барои зиндагии хонаводаҳо ва кӯдакону занонро дорад.

Конвенсияи байнамилалии ҳимояи ҳуқуқи коргарони муҳоҷирро Маҷмаи умумии СММ дар дар соли 1990 қабул карда буд, ки аз соли 2003 ба ин сӯ ба ҳуқми иҷро даромадааст. То кунун ин санадро 45 кишвари олам имзо намудааст. Тоҷикистон дар соли 2002 ба Конвенсияи ҳуқуқи коргарони муҳоҷир ҳамроҳ шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG