Пайвандҳои дастрасӣ

Мусоҳибаи хабарнигори Радиои Озодӣ бо Фарзонаи Хуршед, овозхони ҷавону шинохтаи тоҷик.

Фарзонаи Хуршед, овозхони хабарсоз, ки қазияи ҳабсу озодияш ба достон табдил шудааст, дар аввалин лаҳзаи сӯҳбат гуфт, ба ҳама мухлисону тарафдоронаш паёму сипос мефиристад ва афзуд, "озодӣ неъмати бебаҳост" ва ӯро саршори илҳом кардааст, то таронаҳои наву нотакрор ва самимиеро пешкаши дӯстдорони созу овоз гардонад. Вай иқрор кард, ки акнун кори эҷодияш ба сустӣ пеш меравад, аммо "як каме дер ҳам шуда бошад, иншооллоҳ, шер хоҳад шуд. Ифтихори онро дорам, ки бо шумо сӯҳбат мекунам. Шукронаи Аллоҳ, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол нафаси озод мекашам."

Радиои Озодӣ: Яъне, ба зуҳури дубора рӯйи саҳна омодагии ҷиддӣ мебинӣ?

Фарзонаи Хуршед: "Албатта, бе овозхонӣ ва бе саҳна чизе нестам. Мухлисонамро зиёд дӯст дорам ва ҳама талошҳои ман барои онҳост ва ман бо онҳо зинда ҳастам."

Радиои Озодӣ: Наздики ду сол дар зиндон будӣ ва дар чаҳорчӯби қоидаҳои ниҳоят маҳдуд ба сар бурдӣ. Мегӯянд, чунин шароит ба ҳар кас ҳар хел таъсир мекунад. Бахусус ба ҳунармандон. Шояд такон ва таҳрике дод барои эҷоди суруду оҳангҳои нав?

Лаҳзае аз гуфтугӯи Абдуқаюми Қаюмзод бо Фарзонаи Хуршед

Лаҳзае аз гуфтугӯи Абдуқаюми Қаюмзод бо Фарзонаи Хуршед

Фарзонаи Хуршед: "Мегӯянд, Худованд ҳар коре, ки мекунад, барои беҳбуди инсон мекунад. Барои он ба чунин санҷишҳо рӯбарӯ мекунад, ки инсон он чизҳоеро, ки дар зиндагии маъмулӣ намефаҳмад, фаҳмида тавонад. Аз ҳама чизи мушкил барои инсон дар ин дунё зиндаҷудоӣ будааст. Зиндон ҳамин гуна ҷост. Ин (зиндон) барои ман дарде ва дарсе буд, ки фаромӯш намешавад. Чизҳои зиёд ёд гирифтам. Дар ин соли хурди худ чизҳои зиёдеро аз худ кардам, ки мумкин агар ман дар озодӣ мебудам, тайи понздаҳ-бист сол онҳоро аз худ карда наметавонистам. Ба ҳамин хотир, аз касе намебинам, аз тақдирам мебинам. Аз худ медонам ин ҳамаро ва бар ин назарам, ки ҳар чизе шуд, барои беҳбуди ман шуд. Дар воқеъ, дар онҷо суруду оҳангҳои зиёд эҷод кардам, ки агар садсолаҳо дар озодӣ талош намоӣ, шояд ба даст наояд. Ба саҳна ҳам маро зиндон бештар меҳрубон кард. Ба падару модарам, ба фарзанди падарам ҳам. Албатта, пеш ҳам меҳрубон будам, аммо он эҳсоси кӯдакию наврасӣ буд, ки зиёд нозу фахр мекардам, аммо ҳоло таври дигар аст, сахт содиқонаву самимист ва ман ин ҳамаро басо қимат мегирам. Пеш ин тавр набуд."



Радиои Озодӣ: Чаро маҳз онҳоеро, ки тамошобин зиёд мехоҳад бубинад, дар ТВ-ҳо нишон намедиҳанд. Барои мисол, пештар туро дар телевизион зиёд нишон медоданд, ҳозир аслан нишон намедиҳанд...

Фарзонаи Хуршед: "Дар ин бора чизе гуфта наметавонам. Барои онки худам ҳам сабабашро намедонам, барои чӣ маро дар телевизион нишон намедиҳанд. Вале мухлисе, ташнае ҳаст, ки дар дили ӯ ҷой шудаем. Агар дар ТВ ҳам нишон надиҳанд, метавонад аз дигар василаҳо бо диску наворҳо ва ё бо радио ҳамеша бо овози ту зиндагӣ кунад. Аз ин рӯ дар ин бора чизе гуфта наметавонам. Албатта, мо интизор мешавем, ки рӯзе моро ҳам дар телевизион нишон хоҳанд дод. Хусусан аз телевизионҳои тоҷик. Мегӯянд, ки арӯси зебо, духтари зебо ҳамеша пушти чодар аст. Шояд ин зебоии бисёри мо бошад, ки дар телевизион нишон намедиҳанд (механдад)."

Радиои Озодӣ: Аммо дар байни мардум чунин овозаҳо ҳам ҳаст, ки гӯиё ба нафароне аз боло хуш наомадаӣ. Шояд аз ин хотир бошад, ки дар пардаи телевизион зоҳир намешавӣ?

Фарзонаи Хуршед: "На, ман инро аз касе намебинам. Вақте одам ҳанӯз дар батни модар аст, тақдири ӯ дар пешониаш навишта мешавад. Инро ман аз тақдир мебинам."

Радиои Озодӣ: Он нафаре, ки ба хотири ӯ маҳбус шудӣ, ӯро мебинӣ?

Фарзонаи Хуршед:
"Ҳозир дар бораи ӯ на сухани хуб ва на бад гуфтан мехоҳам. Дар бораи ӯ зиёд гуфтанд ва худам ҳам гуфта будам. Ҳозир мо ягон робита надорем. Агар мабодо ҳамдигарро бинем, аҳволпурсӣ мекунем, чун салом қарзи худовандист. Он дӯстиву муҳаббате, ки мо доштем, шояд ба Худо хуш наомад."

Радиои Озодӣ: Нафаре пайдо шуд, ки ҷойи ӯро ишғол карда бошад?

Фарзонаи Хуршед: "Баъд аз ин ҳам дарду азобҳо дигар ба мард бовар кардан мушкил аст. Ҳозир як дӯсту рафиқе дорам, ки маро бисёр дастгирӣ мекунад, сӯҳбат мекунем, намегузорад, ки хафаву нороҳат шавам. Аммо ҳозир ҳама розу ниёзҳои худро танҳо ба Аллоҳ мегӯям."

Радиои Озодӣ: Дар зиндон бо чӣ одамҳое рӯбарӯ шудӣ ва мардумро дар онҷо чӣ гуна дарёфтӣ, дӯстон пайдо кардӣ?

Фарзонаи Хуршед: "Яке ҳаст, ки мисли ман аз роҳи ошиқӣ он ҷо ғалтида аст, яке барои дуздӣ ва ҳамин тавр бо ҳар роҳҳо. Ба ҳамаи ҷавонон, мухлисони худ ва духтарон мегӯям, ки ҳеҷ вақт озодии худро ба ҳеҷ моли дунё надиҳед. Он ҷо, чи хел бигӯям, чун намехоҳам ба касе сахт расад, дӯст пайдо кардан мушкил аст. Агар пайдо ҳам кардӣ, барои ҳамон ҷо ва то муддате, ки он ҷо ҳастӣ метавонӣ дӯстӣ бикунӣ. Аммо он ҷо ҷое нест, ки дарди дили худро бигӯӣ ва ё ки аз он ҷо он дӯстиро гирифта ба берун барориву дар берун ҳам дӯстӣ бикунӣ. Чизе, ки ҳаст, дар ҳамон ҷо боқӣ мемонад. Озодӣ ин хеле чизи гарон аст. Аз озодӣ бояд истифода кард. Дар маҳбас одамони хуб зиёданд, одамони бад ҳам ҳастанд."

Радиои Озодӣ: Имрӯз чӣ нақшаҳо дорӣ?

Рӯзе, ки Фарзонаи Хуршед аз зиндон озод шуд...

Рӯзе, ки Фарзонаи Хуршед аз зиндон озод шуд...

Фарзонаи Хуршед: "Нақшаҳои зиёд дорам. Мехоҳам, бо модари меҳрубонам Сурайёи Қосим ва хоҳари азизам Шабнамҷон (Шабнами Сурайё) ҳамроҳ як консерт баргузор кунем. Як консерти такрорнашаванда шавад, то каме ҳам бошад дили мухлисонро гарм кунад. Аз Худо умед дорам, ки ин консерт дар рӯзҳои наздик баргузор бишавад. Шояд 21-уми май дар рӯзи таваллуди ман ва ё шояд зудтар."

Радиои Озодӣ: Машқу тамринро барои ин консерти нотакрор дар куҷо баргузор мекунед?

Фарзонаи Хуршед: "Як толори пӯшида дорем, ки он ҷо машқ мекунем ва омодагӣ мегирем. Ба ростӣ, сахт мекӯшем, ки ин консерт хеле хуб баргузор шавад ва мо битавонем дили мухлисонро гарм кунем. Онҷо ҳамроҳи модарҷонаму Шабнамҷон якҷоя машқ мекунем."

Радиои Озодӣ: Ҳоло ки барои барои баргузории ин консерт омодагӣ мебинӣ, бо кадом оҳангсозон ҳамкорӣ дорӣ?

Фарзонаи Хуршед: "Мо худамон низ оҳанг эҷод мекунем. Бо як оҳангсоз ҳамкорӣ намекунем. Ба хотири он ки ҳамаи корамон якрақама, яъне якшакл наояд. Ба ҳамин хотир, бо оҳангсозони зиёд ҳамкорӣ дорем. Бо устод Сангалӣ Мирзоев, Ёқубҷон, Фарҳод Зикиров, Сироҷиддин Фозилов, Зикрулло Ҳакимов ва боз бо нафарони дигар. Зиёданд оҳангсозоне, ки беҳтарин навиштаҳои худро бароям тақдим мекунанд."

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, ки ҳунармандон бидуни "криша" дар боло ташвиқу таблиғ намешаванд ва набудани чунин як баландмақом имкониятҳои онҳоро барои ҳама чиз, ҳатто толори хуби намоиш маҳдуд мекунад?

Фарзонаи Хуршед: "Майдон аз далер аст. “Криша”-и ман ин мухлиси ман, санъати ман ва меҳнати ман аст. Ин сухан ғалат аст, ки бояд ягон нафаре дошта бошӣ, ки туро таблиғ кунад. Ба ҳамаи сарояндагон ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки дасти дар пеши бар дар ҳама ҷо касро муваффақ мекунад ва “қадри одам ҳам баланд аз хоксорӣ мешавад” гуфтаанд."

Сурайёи Қосим, модари Фарзона

Сурайёи Қосим, модари Фарзона

Радиои Озодӣ: Ҳунармандони машҳур бар замми доштани мухлисони зиёд “фанатҳо” ҳам доранд. Баъзе аз ин фанатҳо барои ҳунарманди писандидаи худ ба амалҳое даст мезананд, ки на ҳама кас бовар мекунад. Масалан мошини гаронқимат тақдим мекунанд ва ё манзил, монанд ба ин корҳо. Бо ту ҳам чунин ҳодиса рӯй дода аст?

Фарзонаи Хуршед: "Албатта, чунин ҳолатҳо буданд. Вақте ягон нафар тӯҳфа тақдим мекунад, дидан даркор аст, ки ӯ чӣ мехоҳад. Ӯ мухлиси санъати туст, мухлиси зебоии туст ва ё мухлиси номи ту аст? Ҳастанд нафароне, ки ба таъбири русӣ, барои рейтинги худ мехоҳанд бо ягон нафар сароянда шинос шаванд ва ягон чизе тақдим кунанд. Аз тӯҳфаи ғайрисамимӣ метарсам. Баъзан қабул ҳам накардаам. Чунки ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё ҳамаи амалҳои мо саволу ҷавоби худро дорад. Чизе, ки ба осонӣ ба дастат омад, ба осонӣ аз дастат меравад. Меҳнат шараф аст мегӯянд. Ман мехоҳам аввал меҳнат кунам ва сипас бо меҳнати худ чизеро аз ба даст оварам."

Радиои Озодӣ: Чӣ орзу дорӣ?

Фарзонаи Хуршед: "Орзу мекунам, дар Ватани худ, дар Тоҷикистони худ содиқона хизмат намоям ва он “гуноҳе”, ки аз тарафи ман шояд, ки сар зада буд ва шояд, ки аслан чизе набуд, аз барам комилан тоза ва пок кунам."

Радиои Озодӣ: Гуноҳи кардаат ҷолиб буд, ки ба хотири ишқ ба маҳбас рафтӣ?

Фарзонаи Хуршед: "Фикр мекунам, ки озодӣ болотар аз ишқ аст. Агар шарт ин бошад, ки аз миёни озодӣ ва ишқ якеро бояд интихоб кунӣ, ман озодиро интихоб мекунам. Озодӣ бошад, ишқ мешавад, аммо бе озодӣ ишқ ба чӣ кор ояд. Барои ҳамаи мардуми Тоҷикистон хушбахтӣ ва озодиро таманно мекунам, хусусан барои бонувон. Чунки ҳама чизро дар зиндагӣ ёфтан мумкин, аммо озодӣ, саломатӣ ва бахтро ба даст овардан душвортар аст. Як орзуи дигар ҳам дорам, аммо он ҳоло махфӣ монад хубтар аст. Вақте ки он амалӣ шавад, баъд мегӯям, ки ҳамон орзу ин буд."

Радиои Озодӣ: Хеле хуб ҳам сӯҳбат мекунӣ. Оё ба ғайр аз мактаби миёна боз дар ягон ҷое таҳсил кардаӣ?

Фарзонаи Хуршед

Фарзонаи Хуршед

Фарзонаи Хуршед: "Ба ғайр аз мактаби миёна як каме дар хона дарсҳо гирифтам. Ду соли пеш ҳуҷҷатҳоямро ба донишгоҳ супоридам, дохил ҳам шудам, вале ин фалокат рух доду ман ба мактаби дигар (зиндон) рафтам. Аммо мактаби олии ман ин падару модари мананд. Агар имрӯз касеву чизе шудам, аз Парвардигор шукр мекунам ва аз падару модарам."

Радиои Озодӣ: Ёд дорӣ бори аввал кай рӯи саҳна баромадӣ?

Фарзонаи Хуршед: "Албатта, аввалин бор соли 2000-ум рӯи саҳна баромада будам. Аммо баъди зиндон дар шаҳри Ню-Йорки Амрико. Ман он ҷо соҳиби ҷоизае ҳам шудам, ки зиёд онро орзу мекардам. Худоро шукр. Мегӯянд, ки поёни шаби сиёҳ сафед аст. Худованд аввал бар сари ман сиёҳӣ овард ва имрӯз он орзуҳое, ки доштам ба онҳо комёб мешавам. 12 сол мешавад, ки дар рӯи саҳна ҳастаму бо санъат сарукор дорам."

Радиои Озодӣ: Бархе аз ҳунармандонро дар айёми ҷавонӣ, дар замони авҷи парвози ҳунарашон халал мерасонанд ва ба таъбири мардумӣ "мешикананд". На ҳамаи онҳо ба чунин фишорҳо тоб меоваранд?

Фарзонаи Хуршед: "Саволи хеле мушкил. Фикр мекунам, ҳамон одаме, ки барои ту халал мерасонад вақте талант (истеъдод)-и туро мебинад, ҳунари туро, талоши туро мебинад, оқибат чашм мепӯшад. Касе, ки меҳнат карда метавонад, касе, ки ҳунарманд аст, ба фикрам, пеши роҳи ӯро аждаҳо ҳам гирифта наметавонад (механдад)."

Радиои Озодӣ: Ба тӯйу маъракаҳои мардум ҳам меравӣ?

Фарзонаи Хуршед: "Кӯшиш мекунам, ки ҳамаи ҳунару қувваи худро аввал дар консерти дар пешистода сарф кунам ва нишон диҳам. Баъд аз консерт насиб карда бошад, албатта, ба тӯю маъракаҳои дӯстон меравам, иншоаллоҳ."

Радиои Озодӣ: Рӯзи худро чӣ тавр сипарӣ мекунӣ? Манзурам, соатҳои фориғ аз кору машқ ба чӣ машғул мешавӣ?

Фарзонаи Хуршед: "Китоб мехонам, бо Интернет сарукор мегирам ва варзишро дӯст медорам. Варзиши вазнинро чандон хуш надорам, волейболу футболро дӯст медорам. Имрӯзҳо асосан вақти холии худро дар зикри Худованд мегузаронам."

Радиои Озодӣ: Имрӯз дар хиёбонҳо вақте бо мухлисон рӯбарӯ мешавӣ, чӣ гуна истиқбол мекунанд, чӣ мегӯянд?

Фарзонаи Хуршед: "Ростӣ, ҳозир хеле кам ба кӯча мебароям. Мехоҳам мардум маро бори аввал дар консерти худам бинанд. Ҳарчанд миёни мардум нестам, аммо мардумро зиёд дӯст медорам. Душману бадбин надорам. Касеро, ки дар кӯча мебинам бо табассум ва бо ханда, бо чеҳраи боз назар мекунад, бӯса мекунанд. (Аммо инаш дахл дорад танҳо ба занону мухлисон). Фикр мекунам, ки кулли мардум маро дӯст медоранд, ман аз ин мефахрам."

Радиои Озодӣ: Вақте аз маҳбас баромадӣ, кӣ туро аввалин шуда пешвоз гирифт, кадоме аз дӯстонат ба пешвозат рафт?

Фарзонаи Хуршед: "Он вақт модари ман маризи рӯи бистар буд. Шабнамҷон маро пешвоз гирифт. Дӯстон чӣ тавре, ки мегӯянд ҳам нонӣ мешаванд ва ҳам ҷонӣ. Шояд Парвардигор маро ба он хотир зиндонӣ кард, то ман дӯстро аз душман фарқ кунам. Ҳарчанд ҳоло ҷавон ҳастам, аммо фарқ карданро омӯхтам. Касеро болотар аз падару модари худ намедонам. Вақте дарро барои ман кушоданд аввалин одаме, ки дидам ин Шабнамҷони ман буд. Вақте ӯро дидам ҳарчанд бисёр хостам гиря накунам, хостам худро контрол кунам, қуввате наёфтам, нашуд, ки оби чашмамро бидорам, ашкҳои чашмам мерехтанд. Ҳавои беруну шамоли берун ба ин дараҷа қуввае доштааст, ки бандаи худоро меларзонад ва ба ин дараҷа аламашро зиёд мекардааст, ки ман инро дар он лаҳзаҳо аз сар гузаронидам. Мегӯянд, ки аз батни модар бо либос таваллуд мешавӣ. Ин таваллуди дуюми ман буд, бо либосу бо рӯймол таваллуд шудам. Вақте хона расидем, суроғи падару модарамро кардам, ҳама хонаҳоро мекофтам, ки куҷост, модарам? Гуфтанд, ки дар тахти беморӣ хобидааст. Вақте ӯро дидам, (мегиряд) танҳо ҳамин ибораро тавонистам бигӯям, ки модарҷон, ин қадар маро дӯст медоштаиву ба ман нагуфтӣ. Ҳоло агар дар зери кафи пойи модарам дасти худро бимонам ҳам кам аст..."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG