Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикоии куриёинажод дар раҳбарии БҶ


Ҷим Ёнг Ким, раиси нави Бонки Ҷаҳонӣ
Ҷим Ёнг Ким, раиси нави Бонки Ҷаҳонӣ

Донишманди куриёинажоди амрикоӣ Ҷим Ёнг Ким раиси нави Бонки ҷаҳонӣ интихоб шуд. Номзадии ӯ аз сӯи ИМА пешбарӣ шуда буд.

Тасмим дар ин бора дар ҷаласаи шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ бинобар хатми мӯҳлати раёсати раҳбари феълии ин ниҳоди молиявӣ Роберт Зеллик гирифта шуд.

Дигар довталаби мақоми раиси Бонки ҷаҳонӣ вазири молияи Нигерия Нгозӣ Оконҷо-Ивеала қаблан эълом дошт, ки аъзои шӯрои мудирон бо сабабҳои сиёсӣ, аз номзади пешбаринамудаи ИМА пуштибонӣ хоҳанд кард.

Ба Ҷим Ёнг Ким чанд кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо, Ҷопон, Канада ва Русия раъй доданд.

Ин дар ҳолест, ки дар авоили соли ҷорӣ Бонки ҷаҳонӣ дар бораи истеъфои Роберт Зеллик аз мақоми раиси ин ниҳоди молиявӣ хабар дода буд. Зеллик моҳи июн баъди хатми мӯҳлати панҷсолаи кораш, мақомашро тарк хоҳад кард.

Дар изҳороти дафтари Бонки ҷаҳонӣ ба "саҳми таърихии Зеллик дар давраи бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ" таъкид шудааст. Замони раёсати ӯ, гуфта шудааст дар хабари Бонки ҷаҳонӣ, барои рушди кишварҳои ҷавон ва рафъӣ гуруснагӣ дар олам 247 миллиард доллар ҷудо карда шуд.

Роберт Зеллик ба раҳбарии ин ниҳоди молӣ ҳанӯз дар моҳи июни соли 2007 расид. Ӯ ки ягона номзад ба мақоми раиси Бонки ҷаҳонӣ буда, дар ин маснад Пол Вулфовитсро иваз кард. Вулфовитс барои он, ки маоши дӯстдухтарашро боло бурд, ба нақзи муқаррароти Бонк муттаҳам гардида аз мақомаш барканор шуда буд.

180 давлати ҷаҳон узви ин бонканд ва он масъули миллиардҳо доллари кӯмак ба кишварҳои дар ҳоли рушд аст. Бонки Ҷаҳонӣ аз тарафи намояндаи Амрико ва Сандуқи байнулмилалии пул аз тарафи аврупоиҳо идора мешаванд.
XS
SM
MD
LG