Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаҳои Кобул ва ангушти иттиҳом ба сӯи Исломобод


Леон Панетта, вазири дифои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.

Леон Панетта, вазири дифои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.

Леон Панетта гуфт, ҳамлаҳои ахир ба Кобул аз сӯи шабакаи Ҳаққонии мустақар дар Покистон тарҳрезӣ ва амалӣ шудаанд.

Дар сӯҳбат бо хабарнигорон вазири дифои Иёлоти Муттаҳида аз муқобилаи нерӯҳои афғон ба ҷангҷӯён ситоиш кард ва афзуд, “ҳамлаҳо ҳеҷ дастоварди тактикиро дарбар надоштанд ва барои ҳадафҳои рамзӣ анҷом шуданд. Онҳо (яъне, Толибон) аз соли гузашта ба ин сӯ қудрати гирифтани ягон минтақа ва тавони доир кардани ҳамлаҳои танзимшударо надоранд.”

Леон Панетта афзуд, хадамоти кашфи Амрико қаблан иттилоеро дастрас карда буд, ки бар пояи он шабакаи Ҳаққонӣ як амалиёти густурда дар Афғонистонро тарҳрезӣ мекунад. Аммо ба гуфтаи раиси Кумитаи муттаҳидаи раҳбарони ситодҳои Амрико генерал Мартин Демпсӣ, ки дар ин нишасти хабарӣ ҳамроҳ бо Панетта ширкат дошт, он иттилои дарёфтӣ норӯшан буд ва ба ҳамин хотир натавонистанд аз ҳамла ҷилавгирӣ кунанд.

Ҳамзамон генерал Демпсӣ гуфт, далелҳо баёнгари аз сӯи шабакаи Ҳаққонӣ тарҳрезӣ шудани ҳамлаҳои ахир ба шаҳрҳои Афғонистонистанд, аммо дар мавриди маҳз дар Покистон тарҳрезӣ шудани онҳо иттилое зери даст нест, ба вижа, ки шабакаи Ҳаққонӣ дар ҳарду ҷониби марзи миёни Покистону Афғонистон амал мекунанд.

Аз ин пеш Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, низ дар ҳамлаҳо ба шаҳрҳои кишвар шабакаи Ҳаққониро масъул донист ва аз Хадамоти кашфи кишвараш ва НАТО интиқод намуд, ки аз ин амалиёти душманони кишвар бехабар мондаанд. Ёдовар мешавем, масъулияти ҳамлаи густурда дар Афғонистонро ҷунбиши Толибон бар ӯҳда гирифт. Намояндаи ҷунбиш Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, ин ибтидои “ошӯби баҳорист” ва ҳамлаҳо пешакӣ тарҳрезӣ шуда буданд.



Ахиран Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, аз мақомоти Афғонистон ва Покистон даъват кард, ки ҳамроҳ бо нерӯҳои амрикоӣ алайҳи ҷангҷӯёни ба Кобул ва дигар шаҳрҳои Афғонистон ҳамлаоварда амалиёти густурда доир кунанд. Рӯзи якшанбе (15-уми апрел) сафоратхонаҳо, меҳмонсароҳои бузург, ситоди НАТО ва бинои парлумони Афғонистон дар шаҳри Кобул ҳадафи тирборону мушакандозии ҷангҷӯён қарор гирифтанд. Задухӯрҳои 18-соата баъд аз он хатм шуданд, ки нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон маҳаллаҳои Шерпур ва Доруламони Кобулро таҳти назорат қарор доданд.

Ба иттилои расмӣ, дар задухӯрдҳо 36 тан аз ҳамлагарон, ҳамчунин 11 сарбозу пулиси афғон ва чаҳор сокини осоишта ба ҳалокат расиданд. Афроди мусаллаҳ талоши забти марказҳои вилоятҳои Нангарҳор, Лугар ва Пактиёро низ карданд ва аммо ба муқовимати шадид рӯ ба рӯ шуда фирор намуданд.

Бан Ки Мун, дабири кулли СММ ҳамлаҳои ахир дар Афғонистонро маҳкум кард ва гуфт, ки намояндагии СММ дар Кобул вазъро дақиқ назорат мекунанд. “Ба мо чораҳои бештар муассир дар мубориза бо терроризм ва таъмини амнияти Афғонистон заруранд”,-афзуд ӯ.

Коршиносон ҳамла ба Кобулу шаҳрҳои бузурги Афғонистонро ҷиддитарин амалиёти ҷангҷӯёни мухолифи ҳукумати Кобул дар даҳ соли ахир мехонанд. Сухангӯи НАТО Оана Лангеску дар як нишасти хабарӣ дар Брюссел изҳор намуд, ки ин гуна ҳамлаҳо ба ҷадвали хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон таъсире нахоҳад кард. Қарор аст, то охири соли 2014 нерӯҳои хориҷии таҳти фармони НАТО қаламрави Афғонистонро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG