Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон хостори посух ба ҳамлаи ҷангҷӯён шуд


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, аз мақомоти Афғонистон ва Покистон даъват кард, ки ҳамроҳ бо нерӯҳои амрикоӣ алайҳи ҷангҷӯёни ба Кобул ва дигар шаҳрҳои Афғонистон ҳамлаоварда амалиёти густурда доир кунанд.

Задухӯрдҳо миёни ҷангҷӯён ва нерӯҳои ҳукуматии Афғонистону байнулмилалӣ дар пойтахти кишвар ва марказҳои чанд вилоят 18 соат идома доштанд. Дар ин ҳамлаҳо ҳам ҷангиёни мухолифи ҳукумат, ҳам низомиён ва ҳам сокинони осоишта ба ҳалокат расиданд.

Ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, дар ҳамлаҳо шабакаи Ҳаққонии мустақар дар Покистон даст дорад. Ин иттилоъро вазири дифои ИМА Леон Панетта ҳам тайид кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG