Пайвандҳои дастрасӣ

Гюнтер Грасс ба бемористон интиқол ёфт


Гюнтер Грасс

Гюнтер Грасс

Гюнтер Грасс, адиби маъруфи олмонӣ ва барандаи ҷоизаи Нобел, бар асари маризии қалб ба бемористони шаҳри Ҳамбург интиқол ёфт. Дар ин бора рӯзномаи Bild хабар додааст ва аммо дар мавриди то куҷо ҷиддӣ будани маризии адиб иттилое мавҷуд нест.

Рӯзҳои ахир Гюнтер Грасс баъд аз нашри шеъри “Чизе, ки бояд гуфт” дар маркази моҷарои сиёсӣ қарор гирифт. Дар ин шеър адиби машҳур аз дорои силоҳи ҳастаӣ будани Исроил изҳори нигаронӣ карда сиёсати ин кишварро барои он маҳкум намудааст, ки метавонад боиси ҷанг бо Эрон шавад.

Баъд аз нашри шеър ҳукумати Исроил Грассро ба феҳристи афроди вурудашон ба кишвар мамнӯъ шомил кард.
XS
SM
MD
LG