Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваҳшати роҳбаладҳо боиси маҷрӯҳии мусофирон шуд


Ҳавопаймои ширкати Virgin Atlantic баъди он ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи Гэтвики Лондон фуруд омад, ки халабонҳо аз оташ гирифтани ноқили барқ огаҳ шуданд.

Ба гуфтаи табибон, ҳангоми аз ҳавопаймо берун шудан 15 тан аз мусофирон ҷароҳати сабук бардоштанд. Мусофирон баъди бозгашт ба фурудгоҳ гуфтанд, ки роҳбаладҳои ҳавопаймо ба ваҳшат афтода ва даступо гум карда буданд, аз ин рӯ дар мавриди чӣ гуна тарк намудани ҳавопаймо ба онҳо тавзеҳ надоданд.

Бар асари ин ҳодиса тайи чанд соат парвози ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи Гэтвик ба таъхир уфтод.
XS
SM
MD
LG