Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз осмон софу беғубор хоҳад буд


Ба иттилои марказҳои ҳавошиносӣ, имрӯз осмони шаҳри Душанбе софу беғубор хоҳад буд, то 25 дараҷа гарм мешавад. Дар Хуҷанд ҳам ҳавои офтобӣ дар назар аст ва ҳарорат то 28 дараҷа боло меравад.

Осмони шаҳри Қӯрғонтеппа низ беабр аст, то 29 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Хоруғ то 16 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ҳам ҳаво софу офтобӣ хоҳад буд, аз 12 то 27 дараҷа гарм мешавад.
XS
SM
MD
LG